ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 20 октябр амалиёти навбатии "Муоинаи техникӣ" оғоз ёфта, то 30 октябр тӯл мекашад, хабар медиҳад котиботи Бозрасӣ давлатии автомобилии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз гузаронидани амалиёт пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати техникии худравҳо арзёбӣ мешаваад.
Гузашта аз ин, пулиси роҳ бо пиёда намудани ин амалиёт шумораи дақиқи воситаҳои нақлиётро муайян намуда, раванди супоридани маблағи андозро назорат мекунад.
Пулиси Душанбе 1,5 ҳазор нафарро барои нақзи қавонини роҳ 6 сомониву 88 дирам ҷарима баст
Ҳамчунин, воситаҳои нақлиёти боркаш ва дигар намуди воситаҳои нақлиётро бо омода намудани муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ҷалб мекунад.
Зимнан, Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки воситаҳои нақлиётро дар ҳолати дурусти техникӣ нигоҳ дошта, сари вақт ба муоинаи техникӣ пешниҳод намоянд.