Пешниҳоди Расулзодаву дастгирии Раҳмон: Азим Иброҳим вазири нақлиёт вазифаи нав гирифт

© Foto / Хадамоти матбуоти ҳукумати ҚирғизистонЗаместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки чанде пеш аз курсии муовини сарвазир ба ин мансаб расид, вазифаи нав гирифт

ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik.  Номбурда дар баробари, вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамзамон раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар Долони байналмилалии нақлиётии Аврупо –Қофқоз - Осиё  (ТРАСЕКА) таъин гардид, хабар додааст, дафтари матбуотии вазорат.

Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: барканории Худоёрзода ва мансаби нави Азим Иброҳим

Ба иттилои манбаъ, номзадии вазири нақлиёт ба ҳайси раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар ТРАСЕКА бо дарназардошти тағйироти кадрӣ дар Вазорати наќлиёт аз ҷониби Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар пешниҳод гардида, аз тарафи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон  ин пешниҳод  ҷонибдорӣ ёфт.

Барномаи ТРАСЕКА соли 1993 дар асоси Эъломияи Брюссел бо иштироки Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд ва дере нагузашта, Молдова, Муғулистон ва Украина шомил шуданд. Соли 2000 - Туркия, Руминияву Булғористон ва соли 2009 - Эрон ба ин барнома ҳамроҳ шуданд.

Бар пояи барнома  бояд кишварҳои аъзо ба роҳҳои алтернативии рафтуомад ва интиқоли бор ба Аврупо имкон ёбанд.

Тоҷикистонро қаблан дар ин Долони байналмилалии “ТРАСЕКА” Худоёрзода Худоёр, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва қабл аз ӯ Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазири Тоҷикистон муаррифӣ мекард.

Лентаи хабарҳо
0