Тағйироти кадрӣ: барканории Худоёрзода ва мансаби нави Азим Иброҳим

© Foto / Хадамоти матбуоти ҳукумати ҚирғизистонЗаместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Азим Иброҳимро вазири нави нақлиёти ҷумҳурӣ таъйин кард

ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, Худоёр Худоёрзода аз мақоми вазири нақлиёти Тоҷикистон барканор шуда, ба ҷои ӯ Азим Иброҳим вазири нақлиёти Тоҷикистон таъйин гардид. Далели барканории Худоёрзода баромадан ба нафақа арзёбӣ шудааст.

Министр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек - Sputnik Тоҷикистон
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёт ба ҷони худ сӯиқасд кард

Азим Иброҳим то ҳол ноиби сарвазири Тоҷикистон буд. Феълан маълум нест, кӣ ноиби нави сарвазир таъйин шудааст. Фармон дар бораи таъйини вазири нави нақлиёт барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Барканории Худоёрзода дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, ки ӯ санаи 11 - уми август дар манзили зисти худ қасди худкушӣ кардааст. Додситонии кулли Тоҷикистон тавзеҳ дода буд, ки ин ҳодиса дар заминаи муноқишаи оилавӣ дар хонаи Худоёрзода дар кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт рух додааст. Манбаъ таъкид намуд, аъзои оила, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба Худоёрзода кумаки аввалиндараҷа расониданд.

Феълан вазъи саломатии Худоёр Худоёрзода хуб арзёбӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0