Олимони тоҷик: баъди чанд рӯз астероиди нав ба замин наздик мешавад

© AlexAntropov86 / pixabayМетеорит, графическое изображение
Метеорит, графическое изображение - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи пажӯҳишгарони тоҷик 2 ноябр астероиди нав дар масофаи каме бештар аз 400 ҳазор км аз Замин мегузарад

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон муайян намудаанд, ки баъд аз чанд рӯз астроиди нав ба замин наздик мешавад.

Гуфа мешавад, астероиди нав, ки "2018 VP1"  номгузорӣ ва соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳида дар доираи барномаи худкори мушоҳидавӣ  барои ҷустуҷӯи астероидҳои нави наздик ба Замин кашф шудааст.

"Аз рӯи ҳисобҳои ситорашиносон, 2 ноябр соати 11:33-и вақти ҷаҳонӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон соати 16:33 дақиқа ба Замин наздик мешавад", - менависад "Ховар" дар истинод ба Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Метеорит, графическое изображение - Sputnik Тоҷикистон
Олимони тоҷик: астероиди бузург ба Замин наздик мешавад

 Астероид дар масофаи каме бештар аз 400 ҳазор км аз Замин парида мегузарад. Ин масофа бо масофаи байни Замин ва Моҳ қобили қиёс аст. Азбаски андозаи астероид 2-3 метр арзёбӣ мешавад, воридшавии эҳтимолии он ба фазои замин оқибатҳои фалокатбор хоҳад дошт.

Гарчанде ки мадори астероид мадори Заминро убур мекунад, бинобар хурд будани андозааш ин астероид ба гурӯҳи астероидҳои хатарнок шомил карда нашудааст ва ба он дараҷаи астероиди ба Замин наздикшаванда дода шудааст. Эҳтимоли ба фазои Замин ворид шудани астероид ҳамагӣ 0,4% -ро ташкил медиҳад.

Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад: ба замин астероиди хатарнок наздик мешавад

Тавре ки дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо иброз намуданд, худи ҳамон рӯз, аммо пас аз 10 соати ба Замин наздик шудан астероид дар ҳамин масофаи баробари Замин ба Моҳ наздик мешавад. Тибқи ҳисобҳои ситорашиносон, то соли 2200 ин ҷинс дигар ба Замин наздик нахоҳад шуд.

 

 

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0