Олимони тоҷик: астероиди бузург ба Замин наздик мешавад

© AlexAntropov86 / pixabayМетеорит, графическое изображение
Метеорит, графическое изображение - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
24 июли соли 2020 астероиди 2020 ND, ки андозааш ба 170 м баробар аст ва он ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок барои Замин дохил мешавад, ба Замин наздик омад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. 5 августи соли равон соати 15.35 ба вақти маҳаллӣ астероиди бузург, ки андозааш то 190 метр аст, дар масофаи тақрибан 2.7 млн км ба Замин наздик меояд, гузориш медиҳад агентии "Ховар" дар истинод ба Директори Институти астрофизикаи АМИТ Гулчеҳра Қоҳирова.

"Аломати ин ҷирм  2009 PQ1 буда, он ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил намешавад. Ғайр аз ин, масофаи наздикшавии астероид ба Замин аз масофаи байни Замину Моҳтоб ҳафт маротиба зиёд аст. Бинобар  ин, наздикшавии ин астероид ба Замин хатар намеорад. Тибқи маълумоти олимони соҳа, дафъаи оянда наздикшавии астероиди 2009 PQ1 ба Замин соли 2137 ба вуқӯъ меояд", - гуфтааст Қоҳирова.
Космический спутник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад: ба замин астероиди хатарнок наздик мешавад

Ба маълумоти олими тоҷик, моҳи июл низ якчанд астероидҳо ба Замин наздик шуданд. Аз ҷумла, 24 июли соли 2020 астероиди 2020 ND, ки андозааш ба  170 м баробар аст ва он ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок барои Замин дохил мешавад,  ба Замин наздик омад. Ин сангпораи азимҷусса дар масофаи зиёда аз 5 млн км  аз Замин тай карда гузашт.

"5 млн км ин хеле масофаи бузург аст ва  гузашти астероид ба Замин ягон хатар наовард. Астрономҳо метавонанд траекторияи астероидро дар садсолаҳои пеш ҳисоб намоянд, чун агар онҳо гӯянд, ки ин астероид эҳтимолан хатарнок аст, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳтимоли хатари ӯ ба мо назарногир аст. Мо набояд аз ин ҳодисаи астрономии одӣ ба ташвиш биёем",-гуфт Гулчеҳра Қоҳирова.

Аз рӯи мушоҳидаҳои астрономҳо, дар як сол тақрибан 200 астероид аз назди Замин мегузарад. Одатан хатари онҳо ба Замин нахоҳад расид, аммо ба киштиҳои кайҳонӣ таҳдид мекунанд, афзудааст вай.

Инчунин зикр гардид, ки 26 июли соли 2020 боз ду астероиди дигар ба Замин наздик шудаанд. Яке аз онҳо мадори Заминро бурида гузашт ва дигаре умуман мадори Заминро набурид. Ҳарчанд онҳо ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил намешаванд, лекин гоҳ-гоҳ ба Замин наздик шудаанд.

Олимон бархӯрди замин бо астероидро пешгӯӣ карданд

Ҳамеша назорати харакати астероидҳо тавассути мушоҳидаҳо дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гашта истодааст. Расадхонаҳо ва телескопҳои Институт барои ин кор мусоид мебошанд, инчунин дар ин самт олимони мо таҷрибаи хуб низ доранд.

Лентаи хабарҳо
0