ДУШАНБЕ, 190ғ окт – Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи куштор дар чойхонаи "Сомғор"-и шаҳри Хуҷанд гузориш медиҳад.
"Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, номбурда, санаи 17-уми октябри соли 2020, тахминан соати 01:10-дақиқа дар дохили чойхонаи "Сомғор", воқеъ дар маҳаллаи Сомғор бо марди 60-солаи сокини шаҳри Хуҷанд , нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намудааст.
Занашу худашро кушт ва чор фарзандро ятим кард: шарҳи куштор дар Панҷакент
Сипас дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, охиронро лату кӯб намуда, бо мизу предметҳои дар он ҷой буда, ба аъзои баданаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.