Коршинос гуфт, арзиши рубл кай дубора боло меравад

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкБанкноты номиналом 1000, 2000 и 5000 рублей
Банкноты номиналом 1000, 2000 и 5000 рублей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иқтисоддонҳо гуфтанд, ки кадом омилҳо ба қурби доллар ва рубл дар охири моҳи октябр таъсир мерасонанд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Рубл нисбат ба доллар ва евро ба таври назаррас коҳиш ёфт, хабар медиҳад Российская Газета бо истинод ба Анна Зайтсева, таҳлилгари Гурӯҳи “ФИНАМ”.

Денежные купюры США. - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии коршинос аз ҷаҳиши рекордии доллар то охири октябр

Ба гуфтаи иқтисодшинос, ин вазъ бо сабаби коҳиши талабот ба сармоягузорон ба дороиҳои хатарнок, аз ҷумла асъори кишварҳои дар ҳоли рушд ва бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон дар шароити паҳншавии коронавирус ба вуҷуд омадааст.

"Илова ба бад шудани COVID-19, динамикаи бениҳоят ноустувори нафт ба рубл таъсири манфӣ расонд" гуфт коршинос.

Ҳамзамон, таҳлилгар таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки таҳримҳои Аврупо алайҳи Русия ба қурби рубл таъсири назаррас надоштанд. Ғайр аз ин, пули русиро интервенсияҳои асъории Бонки марказии Федератсияи Русия ва Вазорати молия дастгирӣ мекунанд.

Зайтсева қайд кард, ки то эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар ИМА ноустувории рубл боқӣ хоҳад монд.

"Ҳамзамон, дар сурати мавҷуд набудани омилҳои нави манфии хусусияти геополитикидошта ва нисбатан мӯътадил гардидани вазъ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, рубли русӣ барои таҳким ҳама имкониятҳоро дорад",- гуфт таҳлилгар.

Тибқи пешгӯии иқтисодшинос, дар охири моҳи октябр қурби доллар дар ҳудуди аз 77 то 78,8 рубл боқӣ хоҳад монд ва евро  бошад дар марзи  90,50 то 92,40 рубл муомилот хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0