ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро дар Тоҷикистон эълон кард.
Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 16 октябр ба 10414 нафар расид.
"То имрӯз дар мамлакат 9393 нафар ё худ 90,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 80 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.
Вирусро паҳн мекунад: пизишк номи "ашёи хатарноктарин" - и ҳифозатӣ аз COVID -19 - ро гуфт
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, шабонарӯзи охир 76 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.