Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

64 кас шифо ёфтанду 41 нафари дигар мариз шуданд: омори коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в защитных масках на улице Душанбе
Люди в защитных масках на улице Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 41 нафар мубталои коронавирус шуда, 64 нафари дигар шифо ёфта, аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10455 нафар баробар гардид.

Медицинские работники во временном госпитале для пациентов с COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Дар Қазоқистон фавт аз илтиҳоби шуш ва коронавирус афзудааст

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 64 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9457 нафар баробар гардид.

Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон 80 нафар аз коронавирус ҷон бохтанд.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Лентаи хабарҳо
0