ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории Меҳр, бар асоси гузориши Созмони Тавсеа ва Тиҷорати Эрон бештарини мизони содирот ба Русия ва камтарин мизони содирот ба Беларус анҷом шудааст.
Ҳамчунин дар ин гузориш эълом шудааст дар ин муддат бештарини воридот аз Русия ва камтарини воридот аз Қирғизистон анҷом шудааст.
Бар асоси оморҳои гумруки Эрон, ҳаҷми тиҷорати хориҷии Эрон бо маҷмӯи панҷ кишвари узви иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар панҷи моҳи аввали имсол ( 1399 шамсӣ ) беш аз ду миллиард доллар буда, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл рушди 6 дарсадӣ доштааст.
Каримзода: Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шитоб намекунад
Бояд гуфт, ки мақомои Тоҷикистон то чанд сол аст, ки дар фикри он ҳастанд, ки ба иттиҳодияи АвруОсиё шомил шаванд ё на.