ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки мақомоти кишвар ҳоло суду зиёни дигар кишварҳоро, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайвастанд мавриди омӯзиш қарор додааст.
Вай афзул, ки танҳо пас аз омӯзиши дақиқу мӯшикофона ва таҳлил дар бораи узвияти кишвар ба ин Иттиҳод тасмим гирифта хоҳад шуд.
Завқӣ Завқизода афзуд, ки бо назардошти таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя тамоми паҳлӯҳои мусбату манфии узвият ба ин иттиҳодия мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.
Зубетс гуфт, Тоҷикистон аз ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чи фоида мебинад
“Қарор дар бораи узвият ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳоло қабул нашудааст ва маълум ҳам нест, ки он кай аз ҷониби ҳукумат қабул мешавад”, - зикр кард Завқизода.
Ёдрас мешавем, ки ахиран сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки қабл аз узвият ба ин ё он созмону иттиҳод, ҳамаи паҳлӯҳои мусбату манфии оқибати онро омӯхтан лозим аст.
“Дар яке аз бандҳои шартномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё қайд карда шудааст, ки амалиёти воридоту содироти байни кишварҳои узви Иттиҳод аз пардохти боҷи содиротӣ озод карда мешавад, лекин мо медонем, ки қисмати зиёди буҷети кишвари мо аз ҳисоби маблағи боҷи содиротӣ пур мешавад ва аз даст додани ин сарчашма мувофиқи мақсад ба назар намерасад”, - қайд кард Хуршед Каримзода.