Садамаи мошини "Барқи тоҷик" дар Варзоб: як тан ҳалок шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПлатный участок дороги в Варзоб, архивное фото
Платный участок дороги в Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, садама дар натиҷаи аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронандаи "Барқи тоҷик" рух додааст

ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Мошини боркашони ширкати "Барқи тоҷик" дар Варзоб ба садама дучор шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи 15 октябр рух додааст.

"Ронандаи ШХС “Барқи Тоҷик” тамғаи “Шакман”, Пиров Давлатмурод Холмуродович, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Сомон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб  ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53”, таҳти идораи ронанда Наимов Мусулмон Сафарович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бархӯрдааст", - менависад манбаъ.
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чигуна дар “Барқи тоҷик” миллионҳоро медузданд? Раҳмон 4 мисол овард

ВКД афзудааст, ки садама дар натиҷаи аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадани ронандаи "Барқи тоҷик" сар задааст.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53” Наимов М.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин тариқ санаи 15-уми октябри соли 2020, тахминан соати 17:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холмирзоев Ҳомидҷон Баротович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти маркази ноҳияи Фархор ба самти ҷамоти деҳоти Гулшан , дар ҳудуди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолият аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Хушвахтова Шукрона Зафаровна, соли таваллудаш 2012, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

Даргузашти сардори нозироти андози ноҳияи Деваштич ҳамроҳ бо ҳамсараш дар садамаи нақлиётӣ

Дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0