Чигуна дар “Барқи тоҷик” миллионҳоро медузданд? Раҳмон 4 мисол овард

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомдорони “Барқи тоҷик” бо пешниҳоди маълумоти бардурӯғ дар бораи истифодаи барқ аз ҷониби мизоҷони алоҳида миллионҳо сомониро аз худ мекунанд

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Гуруҳи махсуси корӣ иҷрои қонунҳо дар сохтори ширкати “Барқи Тоҷик”-ро санҷида, фасодкорӣ ба андозаи даҳҳо миллион сомониро ошкор кард, хабар дод Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон.

Осветительные лампочки - Sputnik Тоҷикистон
Шиддати барқ паст: “аз торикӣ бо шамъу фонар ғизои шом мехӯрем”-видео

“Чунончи, масъулони Шабакаҳои барқии шаҳри Ваҳдат дар солҳои 2018-2019 бо роҳи ба ҳисоботи истифодабарии қувваи барқи ҶДММ “Джонг фу” ва ҶДММ “Сохтмон-Ваҳдат” ворид намудани маълумоти бардурӯғ 17,8 миллион квт/соат барқи истифодашударо барои пардохт пешниҳод накарда, ба давлат 12 миллион сомонӣ зарар расонидаанд”, - изҳор дошт Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ.

Инчунин фасодкорӣ зимни истифодаи барқ дар корхонаи “Ресандаи Кӯлоб” ошкор шудааст, ки масъулини шабакаҳои барқ низ дар он даст дошта, тавассути ба ҳисоб нагирифтани нерӯи барқи истифодашуда ба давлат 350 ҳазор сомонӣ зарар расондаанд.

“Дар ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Турсунзода” бошад, ҳолати аз ҳисобҳо берун мондани 27,7 млн. квт/соат неруи барқ ошкор карда шуд”, хабар дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Юсуф Раҳмон.

Счетчики электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз ду миллион сомонӣ ба ҷайби худ: мақомдори шабакаҳои барқии шаҳри Ваҳдат боздошт шуд

Манбаъ афзуд, ба ҳамин монанд, ба ҳисоб нагирифтани 15,1 млн. квт/соат неруи барқ ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ дар Шабакаҳои барқии ноҳияи Б. Ғафуров муайян карда шуда, дар асоси амри прокурорӣ маблағи 826 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан таъкид шуда буд, ки дар бархе ҳолатҳо масъулини “Барқи тоҷик” нерӯи барқи дуздидашудаю талафёфтаро дар ҳисобҳо ҳамчун қарзи мардум пешниҳод мекарданд. Дар ҳоле, ки шаҳрвандон мегӯянд, мунтазам ҳаққи баркро пардохт мекунанд, масъулини “Барқи тоҷик” дар оморҳо қарзи мардумро садҳо миллион сомонӣ арзёбӣ мекунад.

Тибқи омори расмӣ қарзи мизоҷон аз “Барқи тоҷик” ҳудуди 3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Юсуф Раҳмон мегӯяд, барои роҳ додан ба қонуншиканиҳо дар соҳаи барқ, 1014 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба гунаҳкорон 37 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 64,1 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0