Мотам дар вазорати саноат: Содиқҷон Рустамӣ, муовини вазир даргузашт

© Facebook / International Trade Centre in TajikistanСодиқҷон Рустамӣ Абдукарим, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав
Содиқҷон Рустамӣ Абдукарим, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Содиқҷон Рустамӣ Абдукарим, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав дар синни 56-солагӣ дунёро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Яке аз пайвандони хонаводаи муовини вазири саноат дар шаҳри Исфара бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Содиқҷон Рустамӣ субҳи имрӯз ҷон ба Ҳақ супурд.

"Ин саҳар ба мо хабар расониданд, ки Содиқҷон Рустамӣ бандагӣ кардаанд. Дар бораи бемориашон ҳанӯз чизе гуфта нашудааст. Ҳоло ҷасади марҳумро аз шаҳри Душанбе ба Исфара мерасонанд", -  гуфт ҳамсуҳбати мо.

Содиқҷон Рустамӣ Абдукарим моҳи январи соли 2019 бо фармони Президенти Тоҷикистон, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав таъйин шуда буд.

Ӯ, 3 апрели соли 1964 дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара таваллуд шудааст. Соли 1986 Донишгоҳи политехникии шаҳри Фрунзе (Бишкек)-ро бо ихтисоси инжинер-механик хатм кардааст.

Рустамӣ то таъйин шуданаш ба мақоми баланд дар вазорати саноат дар як чанд вазифаҳои муҳими давлатӣ кор кардааст.

Цветы у посольства Бельгии в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Бузурге дигар аз Мазори Шариф: даргузашти “Лоиқи нақди адабии тоҷик”

Солҳои 1986-1988 Омӯзгори техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара, солҳои 1988-1989 мудири шӯъбаи техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара, солҳои 1989-1990 инструктори шӯъбаи ташкилии комитети шаҳрии комсомолии шаҳри Исфара, солҳои 1990-1991 Котиби озоди ташкилоти комсомолии техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара, солҳои 1991-1992 Ҷонишини раиси созмони ҷавонони шаҳри Исфара фаъолият намудааст.

Аз соли 1992 то 995, раиси созмони Ҷавонони шаҳри Исфара, солҳои 1995-1997 муовини раиси шаҳри Исфара, солҳои 1997-2000 директори заводи спиртбарории шаҳри Исфара, солҳои 2000-2003 Муовини раиси шаҳри Исфара ва солҳои 2003-2007 муовини аввали раиси шаҳри Исфара, солҳои 2007-2008 сармутахассиси шӯъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва солҳои 2008-2013 Мудири шӯъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кор кардаст.

Содиқҷон Рустамӣ дар солҳои 2013-2015 муовини якуми раиси шаҳри Бустони вилояти Суғд буд ва баъд аз ин солҳои 2015-2019, директори генералии ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз январи соли 2019 то инҷониб муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Рустамӣ узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара буд.

Дар ҳамин ҳол роҳбарияти вазорати саноат ва технологияҳои нав аз даргузашти Содиқҷон Рустамӣ хабар дода, ба пайвандон ва ҳамаи ёру дӯстони марҳум изҳори тасаллият намудааст.

Қарор аст баъд аз зуҳри имрӯз ҷанозаи марҳум Содиқҷон Рустамӣ дар зодгоҳаш деҳаи Чоркӯҳи Исфара баргузор гардад.

Лентаи хабарҳо
0