Бузурге дигар аз Мазори Шариф: даргузашти “Лоиқи нақди адабии тоҷик”

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкЦветы у посольства Бельгии в Москве
Цветы у посольства Бельгии в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юсуф Акбарзода, адабиётшинос ва мунаққиди адабии маъруф дар синни 82 – солагӣ олами фониро тарк кард

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Яке аз наздикони Юсуф Акбарзода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум ду сол ба ин сӯ ба иллати подардӣ аз манзилаш берун намеомад ва бистарӣ буд.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Мотам дар прокуратура: даргузашти генерал – майор, муфаттиши “Парвандаи Мақсуд Икромов”

“Ҳамеша таҳти муроҷибати табибон ва наздикон қарор доштанд. Аммо синну сол ва организми хастаашон дигар ба идомаи зиндагӣ имкон надод. Як марги табиӣ буд ва ба ин маризиҳои имрӯз рабте надорад”, - гуфт ӯ.

Юсуф Акбарзода 1 майи соли 1938 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент, зодгоҳи шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ, таваллуд ёфта, хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд (1961) мебошад.

Пас аз хатми донишгоҳ ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон ба кор омад. Як замон коромӯзи Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳонӣ ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав (1966-1968) ва тарҷумони як гуруҳи мутахассисони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон (1976—1979) буд. Пас аз Афғонистон дигарбора ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон баргашт ва то соли 1994 минҳайси ходими калони илмӣ кор кард. Баъдтар як муддат дар Кумитаи истилоҳоти академияи мазкур фаъолият дошт.

Як замон раис ва сардабири маҷаллаи Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ, мансуб ба Бунёди Оли Сомон (банёнгузораш Абдуқодир Холиқзода) ва то соли 2012 раиси ин Бунёд будааст. Мақолаю тадқиқоти илмии ӯ дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар маҷмӯаҳои "Сужет ва композитсияи асари бадеӣ" (1975), "Анъана ва навоварӣ" (1975), ҳаммуаллиф Муҳаммадҷон Шакурӣ), "Талаби ҳаёт ва қисмати адабиёт" (1977), "Мактаби шоирии устод Лоҳутӣ" (1987), "Нубуғи шоир ва булуғи шеър" (2003), ва ғайра нашр шудаанд.

Ӯ аз зумраи мунаққидоне буд, ки парчами нақдӣ адабӣ, як соҳаи рӯ ба суқути адабиёти муосири тоҷикро то охири умр дар даст дошт. Намози ҷанозаи марҳум имрӯз, 16 октябр, соати 11 дар назди назди манзилаш баргузор шуда, ӯро дар қабристони маҳаллаи “Қаротегин” ба хок хоҳанд супурд.

Лентаи хабарҳо
0