Эътирозгарон талаб карданду кишвардор пазируфт: Жээнбеков истеъфо дод - акс

Обуна шудан
Ҷонибдорони сарвазири тозатаъин Садир Жопаров истеъфои Сооронбой Жээнбековро талаб намуданд. Онҳо назди меҳмонхонаи "Иссик - Кул" ва бинои ҳукумат гирд омада буданд

Пас аз эътирозҳои густурда дар  чанд рӯзи ахир, президент Сооронбой Жээнбеков имрӯз аризаи ба истеъфо рафтани худро пешниҳод кард.

Жээнбеков изҳор доштааст, ки якпорчагӣ ва муттаҳидии шаҳрвандони Қирғизистон афзалтар аз ҳар гуна мақому қудрат мебошад.

Ӯ гуфт, намехоҳад дар хунрезии ҳамватанони худ даст дошта бошад.

"Ман намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун президенте бошам, ки хун рехта, ба сӯи шаҳрвандони худ тир холӣ кунад. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки истеъфо диҳам", - таъкид доштааст Жээнбеков.

Ёдовар мешавем, интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор шуд. Аммо як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омаданд.

© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкОнҳо дар назди бинои меҳмонхона даст ба эътироз заданд
Сторонники премьер-министра Садыра Жапарова на митинге у гостиницы Иссык-Куль в Бишкеке, Киргизия - Sputnik Тоҷикистон
1/13
Онҳо дар назди бинои меҳмонхона даст ба эътироз заданд
© Sputnik / Erkin Sadykov / Гузариш ба медиабонкЯк қисмати дигари эътирозгарон назди бинои ҳукумат дар шаҳри Бишкек ҷамъ омаданд
Митингующие у дома правительства в Бишкеке, Киргизия - Sputnik Тоҷикистон
2/13
Як қисмати дигари эътирозгарон назди бинои ҳукумат дар шаҳри Бишкек ҷамъ омаданд
© Sputnik / Tabyldy Kadyrbekov / Гузариш ба медиабонкДар назди меҳмонхона ба хотири таъмини саломатии эътирозгарон ба онҳо ниқобҳои тиббӣ тақсим гардид
Раздача масок митингующим у гостиницы Иссык-Куль в Бишкеке, Киргизия - Sputnik Тоҷикистон
3/13
Дар назди меҳмонхона ба хотири таъмини саломатии эътирозгарон ба онҳо ниқобҳои тиббӣ тақсим гардид
© Sputnik / Erkin Sadykov / Гузариш ба медиабонкСадҳои нафар истеъфои Сооронбой Жээнбековро талаб намуданд
Митингующие у дома правительства в Бишкеке, Киргизия - Sputnik Тоҷикистон
4/13
Садҳои нафар истеъфои Сооронбой Жээнбековро талаб намуданд
© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкЖээнбеков пас аз мулоқоташ бо Жопаров тасмими ниҳоияшро эълон намуд
Сторонники премьер-министра Садыра Жапарова на митинге у гостиницы Иссык-Куль в Бишкеке, Киргизия - Sputnik Тоҷикистон
5/13
Жээнбеков пас аз мулоқоташ бо Жопаров тасмими ниҳоияшро эълон намуд
© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкКишвардори Қирғизистон пас аз се соли роҳбарии ҳукумати ин кишвар, имрӯз истеъфо дод
Сторонник премьер-министра Садыра Жапарова на митинге в Бишкеке, Киргизия - Sputnik Тоҷикистон
6/13
Кишвардори Қирғизистон пас аз се соли роҳбарии ҳукумати ин кишвар, имрӯз истеъфо дод
© Sputnik / Erkin Sadykov / Гузариш ба медиабонкӮ гуфт, "намехоҳам кишвардоре бошам, ки хуни ҳамватани худро резонам"
Митингующие у дома правительства в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
7/13
Ӯ гуфт, "намехоҳам кишвардоре бошам, ки хуни ҳамватани худро резонам"
© Sputnik / Aleksey Mayshev / Гузариш ба медиабонкПас аз эълони истеъфо додани Жээнбеков, ҷонибдорони Жопаров ҳамдигарро оғуш кашида муборакбодӣ мекарданд
Сторонники премьер-министра Садыра Жапарова на митинге у гостиницы Иссык-Куль в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
8/13
Пас аз эълони истеъфо додани Жээнбеков, ҷонибдорони Жопаров ҳамдигарро оғуш кашида муборакбодӣ мекарданд
© Sputnik / Tabyldy Kadyrbekov / Гузариш ба медиабонкБа эътирозгарон дар назди меҳмонхона дар баробари ниқоби тиббӣ ҳамчунин нон ҳам тақсим шуд
Раздача хлеба митингующим у гостиницы Иссык-Куль в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
9/13
Ба эътирозгарон дар назди меҳмонхона дар баробари ниқоби тиббӣ ҳамчунин нон ҳам тақсим шуд
© Sputnik / Erkin Sadykov / Гузариш ба медиабонкХабари ба истеъфо рафтани Жээнбековро аксари шаҳрвандони ин кишвар хуш пазируфтанд
Митингующие у дома правительства в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
10/13
Хабари ба истеъфо рафтани Жээнбековро аксари шаҳрвандони ин кишвар хуш пазируфтанд
© Sputnik / Aleksey Mayshev / Гузариш ба медиабонкЖээнбеков часнд рӯз қабл аз интихоб шудани Жопаров ба маснади сарвазирӣ интиқод кард
Сторонники премьер-министра Садыра Жапарова на митинге у гостиницы Иссык-Куль в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
11/13
Жээнбеков часнд рӯз қабл аз интихоб шудани Жопаров ба маснади сарвазирӣ интиқод кард
© Sputnik / Aleksey Mayshev / Гузариш ба медиабонкПрезидент Жопаровро ба ҳайси сарвазир напазируфт ва онро ғайриқонунӣ хонда буд
Сотрудники правоохранительных органов в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
12/13
Президент Жопаровро ба ҳайси сарвазир напазируфт ва онро ғайриқонунӣ хонда буд
© Sputnik / Tabyldy Kadyrbekov / Гузариш ба медиабонкАммо ҷонибдорони сарвазири тозатаъин дастаҷамъона истеъфои Жэнбековро талаб намуданд ва муваффақ ҳам шуданд
Митингующие у гостиницы Иссык-Куль в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
13/13
Аммо ҷонибдорони сарвазири тозатаъин дастаҷамъона истеъфои Жэнбековро талаб намуданд ва муваффақ ҳам шуданд
Лентаи хабарҳо
0