Пас аз эътирозҳои густурда дар чанд рӯзи ахир, президент Сооронбой Жээнбеков имрӯз аризаи ба истеъфо рафтани худро пешниҳод кард.
Жээнбеков изҳор доштааст, ки якпорчагӣ ва муттаҳидии шаҳрвандони Қирғизистон афзалтар аз ҳар гуна мақому қудрат мебошад.
Ӯ гуфт, намехоҳад дар хунрезии ҳамватанони худ даст дошта бошад.
"Ман намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун президенте бошам, ки хун рехта, ба сӯи шаҳрвандони худ тир холӣ кунад. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки истеъфо диҳам", - таъкид доштааст Жээнбеков.
Ёдовар мешавем, интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор шуд. Аммо як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омаданд.
© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкОнҳо дар назди бинои меҳмонхона даст ба эътироз заданд

Онҳо дар назди бинои меҳмонхона даст ба эътироз заданд
© Sputnik / Erkin Sadykov / Гузариш ба медиабонкЯк қисмати дигари эътирозгарон назди бинои ҳукумат дар шаҳри Бишкек ҷамъ омаданд

Як қисмати дигари эътирозгарон назди бинои ҳукумат дар шаҳри Бишкек ҷамъ омаданд
© Sputnik / Tabyldy Kadyrbekov / Гузариш ба медиабонкДар назди меҳмонхона ба хотири таъмини саломатии эътирозгарон ба онҳо ниқобҳои тиббӣ тақсим гардид

Дар назди меҳмонхона ба хотири таъмини саломатии эътирозгарон ба онҳо ниқобҳои тиббӣ тақсим гардид
© Sputnik / Erkin Sadykov / Гузариш ба медиабонкСадҳои нафар истеъфои Сооронбой Жээнбековро талаб намуданд

Садҳои нафар истеъфои Сооронбой Жээнбековро талаб намуданд
© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкЖээнбеков пас аз мулоқоташ бо Жопаров тасмими ниҳоияшро эълон намуд

Жээнбеков пас аз мулоқоташ бо Жопаров тасмими ниҳоияшро эълон намуд
© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкКишвардори Қирғизистон пас аз се соли роҳбарии ҳукумати ин кишвар, имрӯз истеъфо дод

Кишвардори Қирғизистон пас аз се соли роҳбарии ҳукумати ин кишвар, имрӯз истеъфо дод
© Sputnik / Erkin Sadykov / Гузариш ба медиабонкӮ гуфт, "намехоҳам кишвардоре бошам, ки хуни ҳамватани худро резонам"

Ӯ гуфт, "намехоҳам кишвардоре бошам, ки хуни ҳамватани худро резонам"
© Sputnik / Aleksey Mayshev / Гузариш ба медиабонкПас аз эълони истеъфо додани Жээнбеков, ҷонибдорони Жопаров ҳамдигарро оғуш кашида муборакбодӣ мекарданд

Пас аз эълони истеъфо додани Жээнбеков, ҷонибдорони Жопаров ҳамдигарро оғуш кашида муборакбодӣ мекарданд
© Sputnik / Tabyldy Kadyrbekov / Гузариш ба медиабонкБа эътирозгарон дар назди меҳмонхона дар баробари ниқоби тиббӣ ҳамчунин нон ҳам тақсим шуд

Ба эътирозгарон дар назди меҳмонхона дар баробари ниқоби тиббӣ ҳамчунин нон ҳам тақсим шуд
© Sputnik / Erkin Sadykov / Гузариш ба медиабонкХабари ба истеъфо рафтани Жээнбековро аксари шаҳрвандони ин кишвар хуш пазируфтанд

Хабари ба истеъфо рафтани Жээнбековро аксари шаҳрвандони ин кишвар хуш пазируфтанд
© Sputnik / Aleksey Mayshev / Гузариш ба медиабонкЖээнбеков часнд рӯз қабл аз интихоб шудани Жопаров ба маснади сарвазирӣ интиқод кард

Жээнбеков часнд рӯз қабл аз интихоб шудани Жопаров ба маснади сарвазирӣ интиқод кард
© Sputnik / Aleksey Mayshev / Гузариш ба медиабонкПрезидент Жопаровро ба ҳайси сарвазир напазируфт ва онро ғайриқонунӣ хонда буд

Президент Жопаровро ба ҳайси сарвазир напазируфт ва онро ғайриқонунӣ хонда буд
© Sputnik / Tabyldy Kadyrbekov / Гузариш ба медиабонкАммо ҷонибдорони сарвазири тозатаъин дастаҷамъона истеъфои Жэнбековро талаб намуданд ва муваффақ ҳам шуданд

Аммо ҷонибдорони сарвазири тозатаъин дастаҷамъона истеъфои Жэнбековро талаб намуданд ва муваффақ ҳам шуданд