Лавров: Русия оиди Қарабоғи Кӯҳӣ бо Туркия розӣ нест

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкРеактивный снаряд системы "Смерч" на территории общины Иванян Нагорного Карабаха
Реактивный снаряд системы Смерч на территории общины Иванян Нагорного Карабаха - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия ҳалли низоъ дар Қарабоғи Кӯҳиро бо роҳи низомӣ, дастгирӣ намекунад, гуфт вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Русия бо мавқеъи Туркия оид ба Қарабоғи Кӯҳӣ розӣ нест, гуфт раҳбари умури хориҷии Русия Сергей Лавров.

"Бале, мо бо он мавқеъе, ки Туркия пеш гирифт ва худи президент (Озарюойҷон  - шарҳ аз идора) ҳам гуфта буд, розӣ нестем. Алиев гуфт, ин ҷо ягон гапи махфӣ нест", - гуфт Лавров дар мусоҳиба.

Вазир қайд кард, ки Русия ҳалли низоъ дар Қарабоғи Кӯҳиро бо роҳи низомӣ, дастгирӣ намекунад.

"Изҳорот дар бораи роҳи ҳалли низомиро мо дастгирӣ намекунем. Муттассифона Туркия ин коррро карда тавонист ва тасдиқ ҳам кард, ки ҳар амали Озарбойҷон барои ҳалли низоъ ҳатто роҳи низомиро низ, дастгирӣ мекунад" , - қайд кард Лавров.

Армянская артиллерия недалеко от границы Нагорного Карабаха, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъияти Қарабоғ: кӣ мехоҳад Русияро ба ҷанги Кафқоз кашад

Озарбойҷон ва Арманистон оташбас эълон карданд

Қазияи Қарабоғи Кӯҳӣ

Таниш дар Қарабоғи Кӯҳӣ миёни Арманистон ва Озарбойҷон рӯзи 27 сентябр оғоз шуд. Дар Ҷумҳурии эътирофнашуда изҳор доштанд, ки аз ҷониби қувваҳои Озарбойҷон оташ кушода шуд, ки қурбонӣ дар пай дошт.

Вазорати дифоъи Озарбойҷон изҳор доштанд, ки танишро ҷониби Арманистон оғоз кард. Низомиёни арманӣ мегӯянд, Қарабоғи Кӯҳӣ аз ҷониби Озарбойҷон мушакборон карда шуд.

Русия аз Озарбойҷон ва Арманистон даъват кард, ки ба даргирӣ хотима диҳанд ва сари мизи гуфтушунид нишинанд.

Ҳамин тавр, дар давоми даҳ соати музокирот намояндагони дипломатии ду кишвар ҳамроҳ бо ҷониби Маскав, аз соати 12:00-и 10 октябр оташбас эълон шуд.

Лентаи хабарҳо
0