ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳушдори ҳавосанҷон аз якбора сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон: шамолу тӯфон ва борони сахт
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда ва дар баъзе ҳолатҳо камабри бебормш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 14 +19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад.