Бархурди ду чархболи артиши Афғонистон: даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевВертолет в горах Таджикистана на фоне пика Исмоили Сомони
Вертолет в горах Таджикистана на фоне пика Исмоили Сомони - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бархурди ду чархболи артиши Афғонистон бо якдигар дар вилояти Ҳилманд 15 кушта барҷой гузошт

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Вазорати дифои Афғонистон эълом кард, ки бомдоди имрӯз ду чархболи MI-17 –и нерӯи ҳавоии ин кишвар ҳангоми бархостан дар шаҳристони Новаи вилояти Ҳилманд дучори мушкили фаннӣ шуданду бо якдигар бархурд карданд, иттилоъ додааст хабаргузории "Садо ва Симо"-и Эрон.

Делегация движения Талибан (запрещено в РФ), прибывшая в Катар на переговоры с правительством Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Афғонистон: Толибон музокироти сулҳро ба бунбаст кашондаанд

 Дар натиҷаи ин ҳодиса камаш 15 низомии афғон кушта ва шумори дигаре низ захмӣ шуданд.

Даргириҳои шадиде миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон дар бархе аз манотиқи вилояти Ҳилманд дар се рӯзи ахир ба шакли бесобиқае шиддат гирифта аст ва Толибон тавониста ҳавзаи чаҳоруми амниятии шаҳри Лашкаргоҳ ва бархе дигар аз посгоҳҳо дар шаҳристонҳои Нова ва Нодалиро тасарруф кунад.

Омори дақиқе аз талафоти ин даргириҳо мунташир нашуда, аммо вазорати дохилаи Афғонистон пештар эълом карда буд, ки беш аз 80 узви Толибон дар шаҳристонҳои Нова ва Наҳруссироҷ кушта шудаанд.

Лашкаргоҳ-маркази Ҳилманд аз вилоятҳои ноамни ҷануби Афғонистон ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0