Вазорат: Тоҷикистон дар 8 моҳ ба маблағи 90 миллион доллар алюминии аввалия содирот кард

© Фото : Посольство России в ТаджикистанеГосударственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО
Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхонаҳои коркарди алюминий аз захираву имкониятҳо истифода намуда, дар зарфи 8 моҳи соли равон дар маҷмуъ 6200 тонна алюминийро коркард намудаанд, ки нисбати нишондоди 8 моҳи соли гузашта ба миқдори 105 тонна зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳаҷми коркарди алюминий дар 8 моҳаи соли равон  асосан аз ҳисоби ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, ҶДММ КМ “Тоҷпроф”, ҶДММ “Ноқили Талко” ва ҶСП “Ноқили Турсунзода”   амалӣ гардидааст. 

Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Нақшаи "ТАЛКО" барои тавлиди 168 000 тонна алюминий то охири сол

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар зарфи 8 моҳи соли 2020 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия дар якҷоягӣ бо ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” маҳсулотҳоро ба монанди   алюминийи аввалия, профилҳои алюминӣ, профилҳои пластикӣ ва трактору мошинҳои кишоварзӣ ба маблағи 942,2 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот намуданд.

Қайд карда шудааст, ки маҳсулоти Тоҷикистон асосан ба Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон  ва давлатҳои Аврупо содирот шудааст.

Таъкид мешавад, ки давоми моҳҳои январ-августи соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 61 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст.

Дар ин давра алюминии аввалия дар ҳаҷми 57,4 ҳазор тонна ба маблағи 924 млн сомонӣ (90 млн доллар) асосан ба Аврупо содирот гардидааст.

Дар Вазорат зикр кардааст, ки дар истеҳсоли алюминии аввалия айни замон зиёда аз 5,7 ҳазор нафар машғули кор буда, музди меҳнати миёнаи онҳо 1417 сомонӣ (137 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки алюминии аввалия маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Лентаи хабарҳо
0