Путин Раҳмонро табрик кард ва бори дигар аз мушорикат стратегӣ ёдовар шуд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Президенти Тоҷикистон паёми шодбошӣ равон кард ва гуфт натиҷаи интихобот эътибори сиёсии Эмомалӣ Раҳмонро миёни ҷомеа инъикос намудааст

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба унвони Эмомалӣ Раҳмон барои пирӯзиаш дар интихоботи президентӣ паёми шодбошӣ равон кард.

Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев (слева) и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тоқаев ба Раҳмон занг заду ба Қазоқистон даъват кард

Дар паёмаш Владими Путин таъкид доштааст, ки натиҷаҳои интихобот комилан эътибори Эмомалӣ Раҳмонро миёни ҷомеаи Тоҷикистон инъикос кардааст.

“Натиҷаҳои интихобот комилан эътибори Шуморо миёни мардум иникос кард. Мардум роҳи интихобкардаи рушди иқтисод ва иҷтимоӣ Тоҷикистон ва пурзуршавии ин кишвар дар арсаи байналмилалиро ҳаматрафа дастгирӣ намуданд”, таъкид доштааст Путин.

Вай ҳамчунин афзудааст, ки  Русия ба равобити шарокати стартегӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

“Мехоҳам дар бораи идомаи ҳамкории зич барои тақвияти ҳаматарафаи равобити дуҷониба барои беҳбудии мардуми ду кишвар ва манфиати таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиёи Марказӣ таъкид намоям”, - илова кард роҳбари Русия дар поёми шодбошиаш.  

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев, президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев, президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Белоруссии Александр Лукашенко после завершения военного парада в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Александр Лукашенко Эмомалӣ Раҳмонро бо пирӯзиаш шодбош гуфт

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр баргузор шуд.

Интихобот тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ шаҳрвандоне, ки бо ҳукми додгоҳ маҳкум шудаанд, ҳаққи иштирок кардан надоштанд.

Дар хориҷ аз Тоҷикистон барои раъйдиҳии шаҳрвандони бурунмарзӣ дар 29 давлати ҷаҳон нуқтаҳои овоздиҳӣ кушода мешаванд. Танҳо дар Русия дар панҷ шаҳр – Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои овоздиҳӣ амал карданд.

Лентаи хабарҳо
0