ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Белорус Александр Лукашенко телефонӣ суҳбат карданд.
Александр Лукашенко Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии Президенти Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба ӯ таманниёти неки худро ҷиҳати сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти минбаъдаи сермасъули давлатиаш, ба тамоми мардуми Тоҷикистон некӯаҳволӣ ва пешрафти босубот орзу кардааст.
"Дар рафти суҳбат Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид кардаст", - омадааст дар хабарнома.
Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд
Гуфта мешавад, ки сарони давлатҳо дар фазои дӯстона атрофи вазъи кунуниву ояндаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар мубодилаи афкор анҷом дода, роҳҳои густариши минбаъдаи онҳоро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Шодбошии бародарона: кадом президент аввалин шуда Раҳмонро табрик кард?
Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.