ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Духтури рақами яки роҳи нафас ва шуши Вазорати тандурустии Русия, узви АИР, доктори илмҳои тиббӣ Сергей Авдеев эзҳор дошт, ки афзоиши беморӣ чанд моҳи дигар идома меёбад.
Ба гуфтаи пизишк, интизор меравад, ки ҳамагирии коронавирус боз ҳудуди як сол идома меёбад.
Дар ҳамин ҳол, пулмонолог таъкид кард, ки афзоиши тирамоҳии коронавирус барои табибон ғайриинтизор набуд ва тибби Русия ба он омода аст.
"Афзоиш чанд моҳи дигар ба назар мерасад", - гуфт коршинос.
Вазорати тандурустии Русия ёдрас мешавад, ки бояд шаҳрвандон саривақт худро аз зуком эм кунанд, то маснуияти бадан фаъол шавад.
Ба гуфтаи Авдеев, барои фаъол шудани маснуият аз ду то се ҳафта лозим аст.
Пештар доктори илмҳои тибб, ҳамагиршинос Анатолий Алтштейн авҷи коронавирусро дар Русия тавзеҳ дод ва гуфт, ки афзоиши беморӣ дар Русия як ҳафтаи дигар идома хоҳад ёфт.
Коршиноси рус гуфт, ки оё ба Тоҷикистон мавҷи дувуми коронавирус таҳдид мекунад
Пас аз ин вақт, пандемия ба авҷаш мерасад, сипас кам-кам поён меравад.
Коршинос таъкид мекунад, ки риояи қонуни бехатарӣ ҳатмист.