Афзоиши теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон - омори вазорат

© Sputnik / Павел Львов / Гузариш ба медиабонкВакцинация врачей от коронавируса
Вакцинация врачей от коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабонарӯзи охир 51 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

ДУШАНБЕ, 10 окт – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 10 октябр ба 10180 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пандемия коронавируса COVID-19. Просьба носить маски на экране в деловом районе Кэнэри-Уорф в Лондоне - Sputnik Тоҷикистон
Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат  9006 нафар ё худ 88,5%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 79 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 51 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — меафзояд манбаъ.

Афзоиши дардмандони коронавирус дар Қирғизистон

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Лентаи хабарҳо
0