Дмитрий Кобитский: “Дар Тоҷикистон касе намехоҳад ба солҳои 90 баргардад”

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГенсек Совета МПА СНГ Дмитрий Кобицкий
Генсек Совета МПА СНГ Дмитрий Кобицкий - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ интихоботи президентии Тоҷикистонро мувофиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва қавонини миллӣ хонд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ин ҳайат зимни як нишасти матбуотӣ баён дошт, ки омодагӣ ба интихобот, рақобати номзадҳо ва раванди раъйгирӣ шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ ба роҳ монда шуда буд.

Мужчина на избирательном участке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

Дар маъракаи интихоботи президентии Тоҷикистон 159 нозири байнулмилалӣ аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, кишварҳои ҷудогона, назири Афғонистон, Ӯзбекистон ва як қатор созмонҳои байнулмилалӣ ширкат карданд.

Sputnik Тоҷикистон дар ин робита бо Дмитрий Кобитский, котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ мусоҳиба анҷом дод.

Омодагии Тоҷикистон ба интихобот дар шароити пандемияи “вируси корона” – ро чӣ гуна дарёфтед?

Мақомоти идорӣ қитъаҳои интихоботиро ба дараҷаи аҳсан омода карда буданд.  Дар чунин шароити вазнин, ки интихобот баргузор шуд, ҳарорати ҳар як нафари омада санҷида, ниқобҳо тақдим мешуданд. Дастҳоро ба таври ҳатмӣ бо маҳлулҳои зиддиуфунӣ мешустанд ва макони интихобот низ ҳатмӣ зиддуфунӣ, фосилаи иҷтимоӣ дар ҳар қитъа таъмин мешуд, аз ҷумла миёни аъзои худи қитъаҳои интихоботӣ. Ин ҳама ба мо имкон медиҳад натиҷагирӣ кунем, ки ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ ба ҷони ҳам ширкаткунандагони раванди интихобот ва ҳам худи комиссияҳои қитъаҳои интихоботӣ ба ҳадди ақал расонда шудааст.

Раванди интихоботро чӣ гуна баррасӣ мекунед? Чӣ барои Шумо ҷолиб буд?

Дар навбати аввал, барои ман фаъолияти баланди мардум, бахусус, ҷавонон, ки фаъолона ба қитъаҳои интихоботӣ омада, раъй медоданд, ҷолиб буд.

Глава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов - Sputnik Тоҷикистон
Анҷоми овоздиҳӣ: раиси КМИР дар бораи натиҷаи интихобот ва шикоятҳо гуфт

Ин ки дар Тоҷикистон кори қитъаҳои интихоботӣ соати 6 – и субҳ шуруъ шуд, як падидаи ҷолибест дар фазои ИДМ. Аллакай дар соати 6 – и субҳ мо шоҳиди навбатпоиҳои одамон, аз ҷумла ҷавонон будем, ки хоҳиши раъй додан доштанд. Ростӣ, фаъолияти мардум хеле дар сатҳи баланд буд.

Аз нигоҳи Шумо, чаро ҷавонон дар қиёс бо дигарон фаъолтар буданд?

Мушкил аст чунин ташхис додан. Дирӯз ман чанд соат телевизиони миллии шуморо тамошо кардам. Минтақаҳои гуногунеро нишон медоданд, ки мутаассифона, мо ба далели маҳдудияти теъдоди нозирони ҳайатамон натавонистем ба он ҷоҳо биравем. Бояд бигӯям, ки ҳам ҷавонон, ҳам пиронсолон ва ҳам бузургсолон ҳама дар интихобот фаъолона ширкат карданд.

Мизони мушорикат пагоҳирӯзӣ хеле баланд буд. Фикр мекунед, чаро? Ин вижагии Тоҷикистон аст ё дар дигар кишварҳои ИДМ низ вазъи мушобеҳро метавон дид?

Аз таҷрибаи худ метавонам бигӯям, ки кишварҳое, назири Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон дақиқан бо фаъолияти худ дар соатҳои пагоҳирӯзӣ фарқ мекунанд. Дар Федератсияи Русия, Молдова, Белорус мардум пагоҳӣ мехоҳад бихобад. Ҳар чӣ ҳаст, нест, якшанбе аст ва бояд пас аз ҳафтаи корӣ бихуспид. Тақрибан қабл аз зуҳр онҳо фаъолона ба қитъаҳои интихоботӣ мерезанд. Қисмати асосии одамон, албатта, ба ҳангоми қабл аз зуҳр меояд. Дар Тоҷикистон, воқеан, барои мо ҳайратовар буд, ки мардум соати 6 – и субҳ нашуда, дар қитъаҳои интихоботӣ саф баста буданд.

Заведующий отделом Средней Азии и Казахстана Института стран СНГ Андрей Грозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Грозин дар бораи интихоби Раҳмон: барои интиқоли қудрат вақт фароҳам омад

Шумо гуфтед, ки дар кишварҳои дигар ҳам будед. Ба наздикӣ дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ буд. Интихоботҳои ин кишвар аз Тоҷикистон чӣ фарқ доранд?

Мехоҳам бигӯям, ки корҳои созмондеҳии интихобот дар Қирғизистон хеле хуб ба роҳ монда шуда буданд. Ҳам аз лиҳози фаннӣ, ҳам аз дигар зовия Комиссияи марказии интихобот хеле хуб кор кард. Мо ҳеҷ камбудеро сабт накардем. Аммо он чӣ пас рух дод, ин мавзӯъи дигар аст.

 Бархе “пешгӯӣ” мекарданд, ки дар Тоҷикистон низ чунин иттифоқот пеш хоҳанд омад...

Медонед, ҳамчунин иттифоқе бар Тоҷикистон нахоҳад афтод.Ин кишвар чунин вазъро солҳои 90 – ум аз сар гузарондааст. Фикр мекунам, ҳеҷ як инсони солим намехоҳад ба он замон баргардад. Инро мардум дар пӯсту пӯстини худ санҷид. Шак дорам, ки касе мехоста бошад аз он эътидолу субот ва роҳи рушдро, ки кишвар аз он пеш меравад, маҳрум шавад.

Лентаи хабарҳо
0