ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Рустам Латифзода, раис ва номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки 127 ҳазору 72 ҳазор ё 3,3 % - и раъйи мардумро ба даст овард, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба натиҷаҳои интихобот ҳеҷ шакке надорад.
"Ин интихоби мардум аст. Ҳар киро хоҳад интихоб мекунад. Мо рӯҳафтода нестем. Баръакс, интихобот моро дар муборизаҳои сиёсӣ пухтатар кард. Бо мардум бештар ошно шудем. Чӣ мехоҳад, медонем. Дар парлумон фраксия дорем ва аз дигар роҳҳои қонунӣ бо ҳукумат барномаҳои худро ба миён мегузорему кор мекунем. Ҳадафи мо ободии Тоҷикистон аст. Мехоҳем дар ин кори таърихӣ саҳм бигирем”, - гуфт Рустам Латифзода.
Абдуҳалим Ғаффоров, раис ва номзади Ҳизби сотсиалист дар сабқати интихоботӣ 62 ҳазору 835 ё 1, 49% - и раъйҳоро соҳиб шуд. Вай мегӯяд, интихоботи президентии Тоҷикистон намунаи баланди демократия дар ҷаҳон ва натиҷаҳои он одилона ва мантиқӣ мебошад.
"Мо садҳо сол ба ин сӯ барои як давлати мустақил мубориза бурда, қурбонӣ додем. Истиқлолият туҳфаи яздонӣ барои миллати тоҷик аст ва онро бояд ба чашмони худ молида, ҳифз кунем. Мо рӯзгори талхро як бор аз сар гузарондем. Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон президенти тозаинтихобшуда Эмомалӣ Раҳмонро бо ин пирӯзӣ табрик мекунад. Ба он кас муваффақият ва барои кор орзу мекунем. Бигзор ба хонаашон файз дарояду берун нашавад. Боварӣ дорем, ки он кас ба рушди ояндаи кишвар камарро сахттар мебанданд ва умедворем, ки барномаҳои ҳизби мо низ мавриди таваҷҷӯҳашон қарор мегиранд", - гуфт Абдуҳалим Ғаффоров.
Рустам Раҳматзода, раис ва номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, 90 ҳазору 587 ё 2,19% - и раъйҳои интихоботиро аз худ кард. Вай гуфт, муҳимтар аз ҳама ин аст, ки интихобот дар як фазои бозу демократӣ ва мунсифонаву амн баргузор шуд.
"Ин раъйгирӣ нишонаи эътирофи Пешвои миллат аз сӯи мардуми Тоҷикистон аст. Мардум хизмати зиёдеро, ки он кас кардааст, қадр кард. 30 ҳазор иншооти ҷашнӣ, ки имрӯзҳо сохта мешаванд, далели он аст, ки он кас кишварро ба роҳи дуруст мебаранд ва мардум инро қабул дорад. Мо дар оянда сиёсати созандаву рӯ ба пешрафти президентро дастгирӣ мекунем. Ҳизби мо бо пешниҳодҳои худ дар ин равандҳо ширкат хоҳад кард", - гуфт Рустам Раҳматзода.
Мироҷ Абдуллоев, раис ва номзади Ҳизби коммунист, 49 ҳазору 212 ё 1, 17% - и овозҳоро соҳиб шуд. Вай гуфт, натиҷаҳои интихобот ва пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро эътироф мекунад.
"Интихобот интихобот аст. Ҳатман касе, ки арзанда аст, раъйи бештарро мегирад ва пирӯз меояд. Ҳизби коммунист дар оянда аз рӯи барномаҳои худ кор карда, талош мекунад, ки сафашро зиёд намояд ва ба муборизаҳои оянда дар интихоботҳо омодагӣ гирад", - гуфт Мироҷ Абдуллоев.
Аброр Мирсаидов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва шахси мавриди эътимоди Эмомалӣ Раҳмон, раис ва номзади Ҳизби халқӣ – демократӣ, ки 3 миллиону 837 ҳазору 227 ё 90,92, аксари раъйҳоро ба даст овардааст, мегӯяд, ин натиҷаҳо баёни воқеиятанд.
"Мардум хуб мефаҳманд, ки дар чунин мақтаъи таърихӣ фақат ва фақат Эмомалӣ Раҳмон метавонад кишварро аз муборизаҳои шадиди геополитикӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва беҳдоштии ҷаҳонӣ сиҳату саломат берун оварда, амнияту суботро таъмин кунад. Интихоботҳо дар кишварҳои ҳамсоя собит намуданд, ки барои рушди як кишвар мавҷуд будани як раҳбари ҳамагонӣ ва мардумӣ хеле муҳим аст. Мардуми Тоҷикистон интихоби дуруст кард", - гуфт Аброр Мирсаидов.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон имрӯз эълон кард, ки дар интихоботи президентии ин кишвар аз 4 миллиону 943 ҳазору 989 шаҳрванди соҳиби раъй 4 миллиону 221 ҳазору 76 нафар ё 85,39% ширкат карданд.
Ҳарчанд ин натиҷаҳо аввалия маҳсуб мешаванд, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин раъйе, ки ба даст овардааст, пирӯзи ин маърака хоҳад буд.