Вакили рус гуфт, авзои Тоҷикистон пас аз интихоботи президентӣ мисли Қирғизистон намешавад

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя комитета Государственной Думы РФ по международным делам Алексей Чепа
Заместитель председателя комитета Государственной Думы РФ по международным делам Алексей Чепа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи ҳайати нозирони ИДМ дар бораи вазъ пас аз интихоботи президентии Тоҷикистонро пешгӯӣ кард

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Муовини раиси Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, намояндаи миссияи нозирони ИДМ Алексей Чепа вазъи интихоботи президентии Тоҷикистонро пешгӯӣ кард.

"Итихобот бисёр ором ҷараён дорад. Ман дар Душанбе қарор дорам, дар интихобот донишҷӯёни донишгоҳҳо ва ҷавонон хеле фаъоланд. Ягон қонуншиканӣ сабт нагардидааст...Ман боварии комил дорам, ки пас аз анҷоми интихобот дар Тоҷикистон вазъият мисли Қирғизистон муташанниҷ намешавад", - изҳор дошт Алексей Чепа.

Алексей Чепа дар мусоҳиба бо РИА Новости таъкид намудааст, ки интихобот бо риоя шудани тамоми тадобирҳои пешгирикунанда дар замони пандемия ҷараён дорад.

Глава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 70% овоз доданд: КМИР интихоботро барпошуда эълон кард

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.

Бо ниқобу дастпӯш: интихоботи президентӣ дар кишварҳои хориҷ чӣ гуна мегузарад - акс

Дар интихоботи президентии кунунӣ Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби Сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ширкат мекунанд.

Бар хабари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ҳудуди 70,1 дарсад аз шумори умумии интихобкунандагон овози худро доданд ва ҳамин тариқ интихобот барпошуда маҳсуб меёбад.

Лентаи хабарҳо
0