Беш аз 70% овоз доданд: КМИР интихоботро барпошуда эълон кард

© Sputnik / Стас ЭтвешГлава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов
Глава ЦИК Бахтиёр Худоёрзода огласил результаты парламентских выборов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
КМИР мегӯяд, то соати 15:00-и имрӯз 3 миллиону 495 ҳазор овоздиҳанда дар интихоботи президенти Тоҷикистон раъй доданд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, ҳудуди 70,1 дарсад аз шумори умумии интихобкунандагон овози худро доданд ва ҳамин тариқ интихобот барпошуда маҳсуб меёбад.

Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
САҲА интихоботи президентӣ дар Тоҷикистонро назорат хоҳад кард

Мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, агар беш аз 50 дарсади интихобкунандагони кишвар дар маъракаи интихоботӣ ширкат варзанд, пас интихобот барпошуда шуморида мешавад.

Дар саросари кишвар 68 ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил гардида, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар шаҳрвандони тоҷик метавонанд то соати 20:00 раъй диҳанд.

Ба мансаби олии давлатӣ 5 номзад довталабӣ мекунанд. Сарвари давлат ба муҳлати 7 соли минбаъда интихоб мешавад.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварданд.

Интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Дар интихоботи қаблӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ пирӯз шуда буд. Аз соли 1994 мансаби сарвари давлати Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ишғол мекунад.

Лентаи хабарҳо
0