Подполковник Давлатхоҷаев дар бораи ҷараёни ҷустуҷӯи сарбозони ҷонфидо-видео

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПограничники на Таджикско-афганской границе вдоль реки Памир.
Пограничники на Таджикско-афганской границе вдоль реки Памир. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Подполковник Ҳазрат Давлатхоҷаев, сардори идораи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯшон мегӯяд, ҷустуҷӯи ҷасади сарбозони ғарқшуда аз ҷониби наҷотдиҳандагони КҲФ, Ожонси Оқохон оид ба макони зист ва ризокорони маҳаллӣ идома дорад

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.  Подполковник Ҳазрат Давлатхоҷаев мегӯяд, ҷустуҷӯи сарбозон аз ҷониби кормандони КҲФ бо ҷалби ихтиёриёну наҷотдиҳандагони Ожонси Оқохон оид ба макони зист на танҳо дар макони ҳодиса, балки ҷамоатҳои поёнӣ низ ҷараён дорад.

Сарбозон Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов 30 октябри соли равон дар талоши наҷоти ҷони як наврас дар дарёи Панҷ ғарқ шуданд.

Пляжный зонт - Sputnik Тоҷикистон
Наҷоти як кӯдак аз ғарқшавӣ ба марги 11 нафар анҷомид

Қаблан хабар дода шуд, ки як хонандаи мактаб дар маҳалли ба ҳам омадани дарёи Бартанг ва Панҷ дар ноҳияи Рӯшон худро ба дарё афкандааст. Сарбозон дар талоши наҷоти ҷони наврас ҷонфидоӣ карда, худашон низ ғарқ шудаанд.

Қадрдонии прапоршик Сафаров барои наҷоти духтари ноболиғ

Ҳазорҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз худфидоии сарбозони қаҳрамони тоҷик тавсиф намуда, дар ҳаққашон дуо кардаанд. Дар ҳоле, ки гуруҳи сокинони маҳаллӣ ихтиёран ба ҷустуҷӯи сарбозон пайвастаанд, бархеи дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои кумаки моддӣ ба хонаводаи сарбозони марҳум иқдом намудаанд.

Феълан ҷустуҷӯи ҷасади сарбозони қаҳрамон идома дошта, масъулин мегӯянд, ҷониби Афғонистон низ огоҳ карда шудаанд, ки дар сурати пайдо намудани осоре ба ҳамтоёни тоҷикашон хабар диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0