Наҷоти як кӯдак аз ғарқшавӣ ба марги 11 нафар анҷомид

CC0 / lgvisio / pixabay / Пляжный зонт
Пляжный зонт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин ҳодиса дар яке аз пляжҳои Миср рух додааст. Ба далели зиёд сар задани чунин ҳодисаҳо, сокинон онр "пляжи марг" ном гузоштаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Ёздаҳ нафар дар пляжи Александрияи Миср ғарқ шуданд, хабар медиҳад Akhbar el-Youm.

Ҷавони 26 - сола, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд, дар канали Чузӣ ғарқ шуд

Ба иттилои манбаъ, ғарқшавии 11 нафар дар ҳолест, ки қаблан мақомоти давлатӣ дар доираи чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирус пляжро баста буданд ва аз сокинон дархост намуданд, ки дар ин манотиқ дигар ба шиноварӣ машғул нашаванд.

Гуфта мешавад, ҳодиса соати 05:20 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Сокинон ба хотири ба дасти кормандони пулис науфтодан, субҳи барвақт ба пляж рафтанд.

"Даҳ нафар ба ҳангоми наҷот додани як кӯдак аз ғарқшавӣ худ зери об рафтанд. Наҷотбахшон танҳо ҷасади 6 нафарро берун оварданд. Корҳои кофтукобӣ идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар Миср сар аз моҳи март, аз замони авҷ гирифтани маризии коронавирус ҳамаи пляжҳо баста шудаанд ва кормандони пулис ҳамарӯза аз ҳузури одамон назорат мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0