БИШКЕК, 11 окт — Sputnik. Нахуствазири ҷадиди Қирғизистон ҳафтаи гузашта пас аз тасхири кохи давлатии ин кишвар ба дасти тазоҳуркунандагон, аз зиндон озод шуд.
Садир Ҷапаров дар соли 2017 ба ҷурми созмондиҳии раҳпаймоӣ ва гаравгонгирии остондори минтақаи Иссиқкӯл ба 11 - у ним соли зиндон маҳкум шуда буд.
Ҷапаров дар нишасти изтирории парламенти Қирғизистон барои мушаххас кардани нахуствазир гуфт, Сооронбой Жээнбеков Раисҷумҳурии ин кишвар низ ба маҳзи ин, ки намояндагони барнома ва сохтори давлатро тасвиб кунанд, омодаи истеъфо аст.
Хабари дигар аз Қирғизистон ин, ки комитети амнияти миллии ин кишвар эълом кард, Раисҷумҳури собиқ Алмосбек Отамбоев, ки шаби 6 октябр ба дасти гурӯҳҳои мӯътариз аз зиндони комитети амнияти миллӣ озод шуда буд, бори дигар боздошт шуд.
Отамбоев дар чорчӯби парвандаи кайфарии созмондиҳии нобасомониҳои ҷамъӣ дар Бишкек боздошт шуд.