ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Президенти собиқи Қирғизистон дубора боздошт шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ду муҳофизи ӯ Дамир Мусакеев ва Канат Сагинбоев низ боздошт шудаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад аксе пайдо шуд, ки нишон медиҳад, чӣ гуна ҳамсари Алмосбек Отамбоев, Раиса Отамбоева, инчунин писаронашон Қодир ва Сейидро боздошт кардаанд, аммо дар бораи вазъи онҳо то ҳол тафсилоте нест.
Ёдовар мешавем, президенти собиқи Қирғизистонро тарафдоронаш шаби 6 октябр ҳангоми бетартибиҳои пас аз интихоботи парлумонӣ озод карданд.
Алмосбек Отамбоев бо иттиҳоми раҳоии ғайриқонунии ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев боздошт шуд, илова бар ин, алайҳи ӯ парвандаҳои ҷиноии қаллобӣ низ боз шуданд.