Дар пайи муташанниҷ гардидани вазъият сарвазир ва раиси шаҳри Бишкек ба истеъфо рафтанд.
Зимнан, имрӯз раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Жээнбеков низ изҳор дошт, ки омодааст ба истеъфо равад.
Гузашта аз ин, раисиҷумҳури Қирғизистон дар пайи бетартибиҳои рӯзҳои охир дар шаҳри Бишкек, ҳолати изтирорӣ эълон кард.
Таъкид шудааст, ки ҳолати мазкур дар пайи бетартибиҳо ва таҳдиду зӯроварӣ нисбати одамон эълон шуда, ҳадафи он истисноан ҳифзи манфиат, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон мебошад.
Раисҷумҳури Қирғизистон эълон кард барои музокира бо мӯътаризон омодааст
Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон 4 октябри соли равон бо иштироки 56,5%-и раъйдиҳандагон интихобот баргузор шуданд. Дар пайи эълони натиҷаҳои интихобот мавҷи эътирозҳо сар зад.
Баъдар Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон натиҷаҳои раъдиҳиро бекор карда, таъкид карда буд, ки санаи интихоботи ҷадид дар ояндаи наздик эълон хоҳад шуд.