Нашри 50 ашъори Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ

© PixabayКнига, архивное фото
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби навбатӣ бо унвони “Дафтари ишқ” нашр шуд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, китоби мазкур аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ва бо ҳамкории Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ таҳия гардида, тариқи нашриёти “Ношир” ба нашр расид.

Дар китоб бори аввал тарҷумаи 50 шеъри шоир ба забони олмонӣ манзур гардидааст, ки идомаи мантиқии китоби “Ишқи минӯӣ” мебошад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Китоби “Уфуқҳои истиқлол”-и Эмомалӣ Раҳмон, соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни “Санъати китоб” шуд

Гуфта шудааст, ки мутарҷими нозуктабъ Александр Ҳайзер кӯшиш кардааст, ки ашъори шоирро ҳаддалимкон ба матни асл наздиктар тарҷума намуда, дар ғазалҳо қолаби бадеии аввалияро ҳифз намояд.

“Азбаски баргардони низоми арӯзии ғазалиёти Камол ба забони олмонӣ амалан имконпазир нест, ӯ саъй намудааст, то маонии матлубро дар қолабҳо ва авзони дигари шеърӣ ҷой диҳад ва бад-ин василаи хонандаи олмонизабонро бо яке аз бузургтарин шоирони Шарқ ошно намояд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Китоб ба ғайр аз худи тарҷумаҳо шомили пешсухани директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Олимӣ Рауф Латифзода ва директори Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Баҳром Раҳматов ва муқаддимаҳои профессор Матлубаи Мирзоюнус ва худи мутарҷим Александр Ҳайзер буда, ғазалҳоро ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба хати форсӣ дарбар гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0