Дар Тоҷикистон 11 октябр интихоботи президентӣ сурат мегирад.
Ҷумҳурӣ барои гузаронидани маъракаи интихоботӣ дар сатҳи олӣ омодагӣ гирифтааст.
Шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки имрӯзҳо берун аз кишвар ҳастанд, ҳамчунин имкон доранд дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ иштирок намоянд ва ба номзади дилхоҳи худ раъй диҳанд.
Барои онҳо дар 29 кишвари ҷаҳон 39 ҳавзаи интихоботӣ боз хоҳад шуд.
Дар Аврупо шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар Австрия, Белгия, Бритониё, Олмон, Фаронса, Швейтсария раъй диҳанд.
Ҳамчунин ҳавзаҳои интихоботӣ дар Афғонистон, Миср, Ҳиндустон, Эрон, Қатар, Чин, Кувайт, Малайзия, Аморати муттаҳидаи Араб, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, ИМА, Туркия ва Ҷопон боз хоҳад шуд.
Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ кору зиндагӣ мекунанд. Имрӯзҳо шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳузур доранд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон 5 ҳавзаи интихоботӣ дар шаҳрҳои мухталифи Русия боз шудааст. Инчунин гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд дар Озарбойҷон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус ва Укроин дар маъракаи раъйдиҳӣ иштирок намоянд.
Ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 5 нафар ба қайд гирифта шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсатиҷумҳурии рӯзи 11 октябри ин кишвар рақобат хоҳанд кард.
Интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Дар интихоботи қаблӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ пирӯз шуда буд. Аз соли 1994 мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ишғол мекунад.