Гул, фосила ва ниқоб: Душанбе ба интихоботи президентӣ омода аст - акс

Обуна шудан
Тоҷикистон дар интизории интихоботи президентӣ аст. Дар шаҳри Душанбе нозирони хориҷиро бо гулдастаҳо пешвоз мегиранду дар ҳар қадам сокинонро ба интихоботи қарибулвуқуъ, даъват мекунанд

То оғози интихобот дар Тоҷикистон ҳамагӣ ду рӯз мондааст. Мақомот эълон кард, ки ба баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ комилан омода аст.

Дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи интихобот пушти сандуқҳои раъй ҳазорҳо нафар меояд, дар ҳар қадам лавҳаҳои интихоботӣ ба назар мерасад. Дар ин лавҳаҳо, ки дар биноҳои давлатӣ овезон шудаанд сокинонро мақомот  ба интихобот даъват мекунад.

Дар ҳар кӯчаву хиёбонҳо овезаҳо дида мешавад, ки дар он дар бораи панҷ номзад маълумот нашр шудааст.

Флаг на автомобиле кортежа ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо нозирони САҲА дар арафаи интихобот

Таъкид бояд кард, ки дар соли 2020 ба сифати номзад ба мақоми президентӣ расман 5 нафар ба қайд гирифта шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсатиҷумҳурии рӯзи 11 октябри ин кишвар рақобат хоҳанд кард.

Ҳамзамон дар пойтахти кишвар мунтазири омадани нозирони хориҷӣ ҳастанд. Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои САҲА, ИДМ, СҲШ, инчунин нозирон аз Русия ва Ӯзбекистон ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф овардаанд.

Ҳакимов гуфт, дар Тоҷикистон пас аз интихобот амалҳои эътирозӣ ғайриимкон аст

Дар интихоботи дарпешистода дар аксари ҳавзаҳои интихоботӣ барои раъйдиҳандагон навовариҳо ҷорӣ карда шудааст.

Барои мисол дар ҳавзаҳои интихоботӣ утоқҳо барои модару кӯдак ва пизишкон ташкил карда шудааст. Дар утоқи пизишкӣ духтуре навбатдор менишинад, ки ҳар нафар метавонад ба ӯ муроҷиат намояд.

Дар ҳоле, ки интихобот дар даврони пандемия мегузарад ба ҳамагон ниқоб, дастпӯшакҳо, худкор ва маводи безараргардонӣ дода мешавад.

Бояд қайд кард, интихоботи қабли раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Дар интихоботи қаблӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ пирӯз шуда буд. Аз соли 1994 зимоми ҳукмронии давлати тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон бар ӯҳда дорад.

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевТоҷикистон дар интизори маъракаи муҳими сиёсӣ мебошад
Предвыборное оформление города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
1/16
Тоҷикистон дар интизори маъракаи муҳими сиёсӣ мебошад
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевСанаи 11 - уми октябр дар кишвар маъракаи интихоботи президентӣ баргузор мешавад
Агитационные баннеры в Душанбе перед выборами - Sputnik Тоҷикистон
2/16
Санаи 11 - уми октябр дар кишвар маъракаи интихоботи президентӣ баргузор мешавад
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевБарои ба даст овардани курсии раёсатҷумҳурӣ 5 номзад вориди рақобат мешаванд
Избирательный участок в одной из школ Пенджакента - Sputnik Тоҷикистон
3/16
Барои ба даст овардани курсии раёсатҷумҳурӣ 5 номзад вориди рақобат мешаванд
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМаъракаи омодагӣ ба санаи муҳими сиёсӣ дер боз идома дорад
Предвыборное оформление города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
4/16
Маъракаи омодагӣ ба санаи муҳими сиёсӣ дер боз идома дорад
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевҲоло бошад Тоҷикистон расман ба интихобот омода аст
Предвыборное оформление города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
5/16
Ҳоло бошад Тоҷикистон расман ба интихобот омода аст
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевРоҳраву хиёбонҳо ҳама гулкорӣ карда шудааст
Подготовка в городе Душанбе к выборам президента - Sputnik Тоҷикистон
6/16
Роҳраву хиёбонҳо ҳама гулкорӣ карда шудааст
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевҲамчунин овезаҳои тарғиботӣ сари қадам ба чашм мехӯранд
Агитационные баннеры в Душанбе перед выборами  - Sputnik Тоҷикистон
7/16
Ҳамчунин овезаҳои тарғиботӣ сари қадам ба чашм мехӯранд
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевДар овезаҳо аз тамоми шаҳрвандон даъват мешавад, ки ба ин санаи таърихӣ беаҳамиятӣ зоҳир накунанд
Предвыборное оформление города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
8/16
Дар овезаҳо аз тамоми шаҳрвандон даъват мешавад, ки ба ин санаи таърихӣ беаҳамиятӣ зоҳир накунанд
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГузашта за ин Тоҷикистон ба пешвзи нозирони байналмилалӣ низ омода аст
Агитационные предвыборные листовки кандидатов в президенты в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
9/16
Гузашта за ин Тоҷикистон ба пешвзи нозирони байналмилалӣ низ омода аст
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевБарои иштирок дар интихоботи президенти дасти кам 122 нозирони байналмилалӣ номнавис шудаанд
Подготовка к выборам в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
10/16
Барои иштирок дар интихоботи президенти дасти кам 122 нозирони байналмилалӣ номнавис шудаанд
© Sputnik / Амир ИсаевИн нозирон аз САҲА, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, инчунин нозирон аз Русия ва Ӯзбекистон мебошанд
Предвыборное оформление города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
11/16
Ин нозирон аз САҲА, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, инчунин нозирон аз Русия ва Ӯзбекистон мебошанд
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевБа ҷузъ аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин сабқат Рустам Латифзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Рустам Раҳматзода ва Мироҷ Абдуллоев иштирок мекунанд
Подготовка к выборам в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
12/16
Ба ҷузъ аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин сабқат Рустам Латифзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Рустам Раҳматзода ва Мироҷ Абдуллоев иштирок мекунанд
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевДар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳамчунин утоқҳои алоҳида барои занони кӯдакдор муҳайё карда шудааст
Подготовка к выборам в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
13/16
Дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳамчунин утоқҳои алоҳида барои занони кӯдакдор муҳайё карда шудааст
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевИнихоботи президентӣ дар Тоҷикистон бо риояи тамоми талаботи бехатарӣ доир мешавад
Подготовка к выборам в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
14/16
Инихоботи президентӣ дар Тоҷикистон бо риояи тамоми талаботи бехатарӣ доир мешавад
© Sputnik / Амир ИсаевАз овоздиҳандаҳо талаб карда мешавад, ки ба ҳавзаҳои интихоботӣ бо ниқобу дастпӯш ҳозир шаванд
Подготовка к выборам в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
15/16
Аз овоздиҳандаҳо талаб карда мешавад, ки ба ҳавзаҳои интихоботӣ бо ниқобу дастпӯш ҳозир шаванд
© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевҲамчунин риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ низ аз шартҳои асосӣ баро иштирокчиёни ин маърака гуфта мешавад
Подготовка к выборам в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
16/16
Ҳамчунин риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ низ аз шартҳои асосӣ баро иштирокчиёни ин маърака гуфта мешавад
Лентаи хабарҳо
0