ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сокинони Панҷу Восеъ ва шаҳри Панҷакент ба сомонаи "Фараж" аз барқкушии масъулини шабакаҳои барқӣ шикоят намудаанд.
Ба изҳори сокинони ин манотиқҳо, "Барқи тоҷик" аз ҳоло ба ҷорӣ намудани лимити барқ шурӯъ кардааст. Барқро дар ин се навоҳӣ аз соати 22 - и шаб то соати 5 - и саҳар хомӯш мекунанд.
Ҳамчунин аз соати 8 - и рӯз то 17 - и бегоҳ интиқоли барқ қатъ мегардад.
Иддаҳои сокинони Панҷу Восеъ ва шаҳри Панҷакент дар ҳолест, ки сухангӯи "Барқи тоҷик" Нозирҷон Ёдгорӣ қатъиян ҷорӣ шудани лимити барқро рад мекунад.
Аммо сомонаи Фараж аз қавли як масъули шабакаи барқӣ дар ноҳияи Панҷ хабар медиҳад, ки дар асл ҳам аз санаи 5 - уми октябр барои сокинон лимити барқ ҷорӣ гардидааст.
"Лимити барқ дар ноҳия аз рӯзи гузашта сар шуд. Минбаъд бояд шабона аз соати 22 то 5-и субҳ ва рӯзона аз 8-и саҳар то 17-и бегоҳ барқ ба аҳолӣ қатъ карда шавад", - менависад манбаъ аз қавли намояндаи шабакаи барқии ноҳияи Панҷ.
Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ таъкид намудааст, ки лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва қатъ шудани барқ дар баъе ноҳияҳо ба иҷрои корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба фасли сармо рабт дорад.
"Ин ҳолат ҳеҷ вақт набояд ҳамчун ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ дар ҳудуди кишвар ҳисобида шавад. Корҳои назоратӣ, таъмирӣ ва профилактикӣ вобаста ба ҳаҷми таҷҳизоти таъмиршаванда дар муҳлати кутоҳ ба охир мерасад ва интиқоли барқ боз ба эътидол медарояд", - шаҳр додааст сухангӯи "Барқи тоҷик".