ДУШАНБЕ, 8 окт – Sputnik. Раҳмон Муҳаммадиев, сардори шуъбаи санитарии Маркази назорати эпидемологии Хуҷанд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин теъдод сокинон дидаву дониста дар замони хуруҷи бемории COVID-19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бастани ниқоб ва нигоҳдошти фосилаи иҷтимоиро сарфи назар кардаанд.
“Санҷишҳои гурӯҳи корӣ дар бозору мағозаҳо ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятӣ собит намуд, ки баъзеҳо дидаву дониста қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд. Дар умум моҳи сентябр нисбати 101 нафар барои хунукназарӣ дар иҷрои қоида ва меъёрҳои беҳдоштӣ, дар асоси кодекси маъмурӣ онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Фаъолият дар ин самт ҳоло идома дорад”, - афзуд Муҳаммадиев.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахиран 10 июни соли ҷорӣ ба моддаи 207 – и Кодекси ҷиноӣ (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ), моддаҳои 112 (риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ) ва 113 (риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия) – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид намуда ҷавобгарӣ аз рӯи ин моддаҳои қонунро шадидтар намуд.
Аз ҷумла дар қисми қисми 1 и моддаи 113 бе ниқоб ҳузур доштанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шароити буруз ва густариши маризиҳои ба одам хатарнок ё замони иҷрои тадобири қарантинӣ ҷарима дар ҳаҷми аз ду то панҷ нишондиҳанда барои хисобҳо, мутаносибан 116 то 290 сомонӣ таъйин шудааст.
Сардори шуъбаи санитарии МНСЭ Хуҷанд гуфт, ба ҷузъ ҷаримаи сокинон ҳамчунин фаъолияти шаш адад туйхонаҳо бо сабаби риоя накардани меъёрҳои беҳдоштӣ ва риоя накардани танзими иштирокчиёни маъракаҳои арӯсӣ дар замони “вируси карона” боз дошта шудааст.
Муҳаммадиев иброз намуд, ки бо гузашти ҳафт моҳ аз шуюъи бемории каронавирус дар кишвар ҳанӯз таблиғи пешгирии ин беморӣ дар миёни аҳолӣ тавассути гаштугузори хона ба хонаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва фаъолони ҷомеа дар Хуҷанд ҷараён дорад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омори сироятёбӣ, фавт ва шифоёбии сокинонро ба ҳолати рӯзи 7 октябр эълон кард. Бино ба иттилоъи ин вазорат шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 41 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида дар маҷмӯъ аз 30 апрел то 7 октябр теъдоди гирифторони коронавирус ба 10 ҳазору 55 нафар расидааст.
Ба иттилоъи ин вазорат то имрӯз дар мамлакат беш аз 88, 2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 78 нафар фавтидаанд. Теъдоди шифоёфтагон мушаххасан 8 ҳазору 876 нафар рақам зада мешавад.