ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.
Манбаъ таъкид кард, ки дар маҷмуъ аз 30 апрел то 6 октябр теъдоди гирифторони коронавирус ба 10 ҳазору 14 нафар расид.
Бидуни фавт ва 39 маризи нав: вазорат омори ҷадиди коронавирусро эълон кард
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавзеҳ дод, ки то имрӯз дар мамлакат 8 ҳазору 837 нафар ё худ 88,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 78 нафар фавтидаанд.
“Шабонарӯзи охир 54 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 43 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Таъкид шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.