Нӯҳ деҳоти Ромит чароғон мешаванд: Раҳмон зеристгоҳи нави барқиро ба истифода дод

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон - запуск двух отреставрированных агрегатов ГЭСа Сарбанд
Эмомали Рахмон - запуск двух отреставрированных агрегатов ГЭСа Сарбанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хатти интиқоли барқи 04 киловолт дар масофаи 53 километр барои 9 деҳаи деҳоти Ромитро мавриди истифода қарор дод

БИШКЕК, 8 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон бунёди зеристгоҳи барқии ва хатти интиқоли барқӣ дар масофаи 53 километр барои дастрасии мардуми деҳот ба неруи барқ нигаронида шудааст ва он имкон медиҳад, ки сокинони деҳоти Ромит — деҳаҳои Қоху Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан, Дашти мазор, Ғусғеф ва Пичеф, дар маҷмӯъ 9 деҳа, аввалин бор давоми солҳои тӯлонии ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намоянд.

Посещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат

Манбаъ таъкид доштааст, ки маблағи умумии гранти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ 60 миллион сомониро ташкил дода, он барои корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ “Ромит”, хатҳои интиқоли нерӯи барқи 110, 20 кВ ва 0,4 кВ, насби ҳисобкунакҳои электронии барқӣ ва хизматрасониҳои мушовирӣ ҷиҳати назорати татбиқи лоиҳа, равона гардид.

Гуфта шудааст, ки корҳои сохтмониро ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба анҷом расонд.

“Дар баробари  ин, дар доираи лоиҳаи мазкур трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти барқии ба бунёди инфрасохтори зикргардида алоқаманд аз коргоҳҳои бонуфузи истеҳсолии ширкатҳои Чинт Электрик “Chint Electric”, Ҷинагсу Ругао Ҳиг Волтеҷ Электрик Аппартус “Jinagsu Rugao High Voltage Electric Appartus”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, Алимар Генератор “Alimar Generator” ва Метранак “Metranak”-и Ҷумҳурии Туркия ва “Южноуральский арматурно-изоляторный завод”-и Федератсияи Россия ворид карда шуд”, таъкид доштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки вобаста ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, харидории такягоҳҳои хатҳои интиқоли барқи 20 кВ ва 0,4 кВ ба маблағи   2,4 миллион сомонӣ аз ширкати “Поянда” ва зиёда аз 49 тонна ноқилҳои навъи гуногун аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ноқили Талко” ба маблағи 1,4 млн. сомонӣ харидорӣ ва дар лоиҳа истифода карда шудааст.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев, президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Сахт нигаронанд: Раҳмон бо Мирзиёеву Токаев вазъияти нохуби Қирғизистонро баррасӣ кард

Манбаъ ёдрас шудааст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ, барои барқтаъминкунии 9 деҳаи деҳоти Ромит сохтмони як адад зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ (бо насби як адад трансформатори 10 МВА), сохтмони тахминан 500 метр хати интиқоли барқи 110 кВ, сохтмони 46,75 км хати интиқоли барқи 20 кВ бо насби 810 адад такягоҳҳои оҳанубетонӣ, сохтмони 15 км хатҳои интиқоли барқи 0,4 кВ бо васлу насби 428 адад такягоҳ дар ҳамаи деҳаҳои зикргардида, насби 9 адад нуқтаҳои трансформатории 20/0,4 кВ, бо насби низоми ҳисоби нерӯи барқ иҷро гардид.

Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор додани онро қадами муҳиме дар роҳи расидан ба истиқлоли қомили энергетикӣ номиданд.

Лентаи хабарҳо
0