ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат рафт, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, кишвардорро сокинони шаҳр гарму самимӣ истиқбол гирифтаанд.
Нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат бинои истиқоматии 10-ошёнаро ифтитоҳ намуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки бинои муҳташами истиқоматӣ, ки аз 54 ҳуҷраи барҳаво иборат аст, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдусамад Нарзиқулов бунёд гардидааст.
Дар ошёнаи якуми бино коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши армуғон, матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд буда, мағозаи хӯрокворӣ низ ҷойгир мебошад.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ занону бонувони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Техникаю таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои кишварҳои пешрафтаи дунё буда, барои дӯхти босифати сару либоси гуногун пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, бо бунёд гардидани сехи дӯзандагӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ дар маркази шаҳри Ваҳдат беш аз 30 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфта, сокинон бо маоши хуб таъмин гардиданд.
Ба президент иттилоъ додаанд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи декабри соли 2018 бо ҷалби зиёда аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, дар муддати ду сол ба анҷом расидааст.
Атрофи иншоот дар масоҳати 750 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст. Дар шафати бинои истиқоматӣ майдончаи бозии кӯдакона сохта шудааст.
Манбаъ афзуда, ки Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои ташкили коргоҳҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос кардааст.