Тоҷик аз ҳуввияташ дур монд: ёвари Президент дар бораи эҳёи либос, забон ва русуми миллӣ

© © Sputnik / Амир ИсаевПомощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода
Помощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гуфт, миллати тоҷик дар як марҳилаи таърихӣ гирифтори буҳрони ба ҳувияти миллӣ зарбаовару осебпазир гардид

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раҳмонзода мегӯяд, миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик, ки ҳувияти таърихан шаклгирифтаву устуворшуда дорад, дар як давраи таърихӣ аз ин арзишҳо дур монда, гирифтори буҳрони ба ҳувияти миллӣ зарбаовару осебпазир гардид.

Шокирджон Хакимов  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳакимов гуфт, дар Тоҷикистон пас аз интихобот амалҳои эътирозӣ ғайриимкон аст

Ӯ бо нашри як матлаб дар нашрияи “Ҷумҳурият” изҳор доштааст, ки барои бартарафсозии ин мушкилоти азим, таҳти сарварии  Эмомалӣ Раҳмон барномаи ҳадафманди эҳёи миллӣ таҳияву татбиқ шуданд, ки он дар шакли тақвияти мақоми муайянкунандаи забони тоҷикӣ, эҳёи ифтихор аз тамаддуни миллӣ, арзишҳои маънавӣ, ҷашнҳо ва расму оинҳо, фарҳангу мусиқӣ, либосу анъанаҳои рӯзгордорӣ, ахлоқу одоб ва ғайра ҷанбаҳои амалӣ гирифтанд.

 “Дар марҳалаи кунунӣ сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба таъмини амнияти фарҳангии кишвар, таҳкими рукнҳои маънавии давлатдорӣ, тавсеаи тафаккури созандаву бунёдгарона, болоравии ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории сокинони мамлакат, яъне ба тақвияти ҳувияти миллӣ нигаронида шудааст, ки дар ин раванд нақши зиёиён бояд назаррас бошад.  Вобаста ба ин, як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам, ки фақат миллате, ки ба фарҳанги миллӣ эҳтиром мегузорад, ҳамеша ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳувияти миллиашро устувор менамояд ва собитқадамона пеш меравад”, - иқтибос овард Раҳмонзода аз қавли Эмомалӣ Раҳмон.

Раҳмонзода боварӣ дорад, сокинон дар интихобот Раҳмонро дастгирӣ мекунанд

Ба гуфтаи ёвари Президент, дар маҷмӯъ, раванди эҳёи миллӣ зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки имрӯз мардуми тоҷик пайванди устувори худро бо таъриху тамаддуни бузургаш барқарор карда, арзишҳои асил, ҳисси эътимоди миллӣ, эҳсоси соҳибтамаддунӣ ва ба таври умум, ифтихор аз ҳувияти миллиро дар сатҳи нав зинда намояд. Дар шароити давлатдории миллӣ идомаи ҳаракати огоҳона дар ин самт ҷавҳари ҳадафи ғоявии таҳаввулоти маданиро ташкил медиҳад, таъкид кард Раҳмонзода.

Натиҷаи интихобот дар Қирғизистон бекор шуд

Ӯ дар охири матлаб изҳори боварӣ кардааст, ки номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президентӣ аз ҷониби сокинони кишвар дастгирӣ ёфта, дар оянда барои рушди Ватан роҳи васеъ боз мегардад ва ба комёбиҳои ҳарчӣ бештару беҳтар мушарраф хоҳем гашт.

Лентаи хабарҳо
0