Ин навор як навъ сайри замоние мебошад, ки дар он бархе тасвирҳои таърихии Душанбеи куҳна ва лоиҳаҳои оянда инъикос ёфтаанд.
Бо мурури замон пойтахти Тоҷикистон ба як шаҳри муосири сабз бо меъмории нодири шарқиёна ва миллӣ табдил ёфтааст.
Дар идомаи тасвирҳо аз Тоҷикистони шӯравӣ манзараҳои нави Душанбеи замони муосир зуҳур меёбанд. Аз ҷумла навори маҷмааҳои Душанбе, биноҳои ғайриодии Қасри Варзиш, нахустин роҳи бисёрқабата, пайкараҳои нав, маҷмааҳои тиҷоратӣ намоиш дода шудаанд.
Инчунин лоиҳаҳои 3D-и Душанбеи оянда тасвир шудаанд. Намоиш дода шудаанд, ки хиёбону кӯчаҳои Душанбе дар оянда чӣ гуна тағйир меёбанд, таҷдид мешаванд.
Бар асоси тарҳи пешниҳодшуда на танҳо паҳноии Душанбе бештар мешавад, балки баландии биноҳо низ афзоиш меёбанд ва ба як шаҳр бо инфрасохтори муосир мубаддал мегардад.