Мирзиёев ва Тоқаев ба Эмомалӣ Раҳмон занг заданд

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в военном параде в ознаменование 75-летия Победы
Президент РФ В. Путин принял участие в военном параде в ознаменование 75-летия Победы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Зимни гуфтугӯи телефонӣ нахуст раисҷумҳури Ӯзбекистони Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати рӯзи зодрузаш табрик гуфта, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намудааст.

Сипас роҳбарони ду кишвар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон зодрӯз дорад: Путин раисҷумҳури Тоҷикистонро табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз аҳаммияти равобити амиқи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду кишварро, ки ҳамчун пояи боэътимоди рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон имрӯз ҳам хизмат карда истодаанд, ба таври хосса таъкид намуд.

Зимни гуфтугӯ руасои ҷумҳур қайд намуданд, ки имрӯзҳо пешорӯи ду кишвар ҳадафҳои зиёди умумӣ истодаанд ва Тоҷикистон омодааст, ки барои ноил шудан ба онҳо бо ҷониби Ӯзбекистон минбаъд низ ҳамкориҳои зичи созанда дошта бошад.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҳамчунин дар рафти суҳбат Президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон, бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар рафти суҳбат раисҷумҳури Қазоқистон низ нахуст президенти Тоҷикистонро табрик намуда аз саҳми назарраси Эмомалӣ Раҳмон дар рушди пойдори  иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ қайд намуд.

Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки бо саъю талошҳои муштарак ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар қолаби шарикии стратегӣ минбаъд низ тавсеа ёфта, қуллаҳои навро фатҳ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0