Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Коронавирус боз ҷони як табиби ҳозиқи тоҷикро гирифт: ҳамагӣ 44 - сол умр дошт

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Икром Болтабоев табиби ҷавон ва ҳозиқи тоҷик буд, ки ҷони садҳо кӯдаконро аз дами марг наҷот дода буд. Ӯ нахустин ҷарроҳе буд, ки дили кӯдакони навзодро ҷарроҳӣ мекард ва ба онҳо зиндагии солим ато менамуд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз як табиби ҳозиқ ҷон аз даст дод. Икром Болтабоев пизишки номӣ ҳамагӣ 44 - сол умр дошт. Марҳум Мудири шӯъбаи нуқсонҳои модарзодӣ ва иқтибосии дили МД "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг" буда, ҷони садҳо кӯдаконро аз чанголи  марг раҳо мекард.

Хабари марги Болтабоевро Марямбонуи Фарғонӣ дар сафҳаи Фейсбукии худ гузошта, навиштааст, ки "Коронавирус... дасти чусту чолоки гулчини аҷал".

Икром Болтабоев моҳи сентябр дардманди коронавирус шуд ва муддате дар бемористон таҳти табобати пизишкон қарор гирифта буд. Вазъи саломатияш бисёр вазнин арзёбӣ мешуд ва то чанд муддат ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ низ пайваст буд.

Мукаррама Қосимова - забоншиноси тоҷик даргузашт

Аммо, табиби номӣ имкони шифо ёфтан аз ин дардро пайдо накард ва имрӯз ҷонашро ба Ҷонофарин таслим кард.

Болтабоев аз нахустин ҷарроҳон дар кишвар ба ҳисоб меравад, ки дили тифли ҳамагӣ 3 кило вазндоштаро ҷарроҳӣ карда буд.

Дар Тоҷикистон авохири моҳи сентябр вазъи коронавирус боз рӯ ба бадшавӣ ниҳод. Шумораи умуми гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон наздики 10 000 нафар омада, 78 нафар қурбони ин вирус гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0