ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik.Кормандони Ожонсии зидди фасод Буйдаков Рустам ва Каримов Файзиддинро боздошт намуданд, ки дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам дониста мешаванд.
Ба иттилои котиботи ожонсии мазкур, Буйдаков дар вазифаи ронандаи Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, бо маслиҳати пешакӣ бо сардори зершуъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Каримов Файзидин моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд "А" барои ба номи бародари охирин-шаҳрванд "Б" омода карда додани билети ҳарбии номувофиқ ба хизмати ҳарбӣ маблағи 8000 сомонӣ талаб карда, онро дар ду ҳолат гирифта, ба охирин билети ҳарбии қалбакӣ омода карда доданд.
Қаллобӣ: корманди Комиссариати ҳарбӣ 8000 сомонӣ гирифт, аммо билети ҳарбиро надод
Инчунин, Буйдаков ва Каримов бо ҳамин тарзу усул моҳи июни соли 2020 ба номи шаҳрванд "Б" билети ҳарбии номувофиқ ба хизмати ҳарбиро бо роҳи сохтакорӣ омода карда доданд.
Манбаъ меафзояд, нисбати Буйдаков ва Каримов бо моддаҳои 247 қисми 3 банди "а", 36 қисми 1 – 391 қисми 1 ва 340 қисми 2 банди "б" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.