Ҷасади пиразане, ки моҳи август бедарак шуд, пайдо гардид

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкТаджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа.
Таджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади сокини 71-солаи ноҳияи Шуғнон хабар дод, ки моҳи август бедарак шуда буд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқлодда,  сокини 71-солаи деҳаи Боғеви ҷамоати деҳоти Сучон, Зайнилмо Чоршанбиева рӯзи 22 августи соли равон аз хона баромада бедарак шуда буд.

Спасательный круг. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Модаре бо духтари 9-солааш худро ба дарёи Вахш андохт: муроҷиати КҲФ ба тоҷикистониён

“Талоши пайвандон барои пайдо кардани хабар дар бораи пиразан бенатиҷа анҷом ёфта буд. Аммо ҷустуҷӯи вай ҳамарӯза идома дошт”, - изҳор дошт манбаъ.

Ҳадс зада мешуд, ки ин пиразан, ки ба гуфтаи пайвандонаш дучори бемории рӯҳӣ шуда буд, шояд дар дарёи Ғунд сарозер шуда бошд.

Кумита тасдиқ кард, ки ахиран сокинон ҷасади ӯро поёнтари деҳа, дар лаби дарёи Ғунд пайдо карда, ба соҳибонаш супурданд.

Ин ниҳод таъкид намуд, ки феълан ҷузъиёти бештаре аз сабаби марги ӯ маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0