https://sputnik.tj/20200928/zane-bo-dukhtari-9-solaash-khudro-ba-daryoi-Vakhsh-andokht-KHF--1031975947.html
Модаре бо духтари 9-солааш худро ба дарёи Вахш андохт: муроҷиати КҲФ ба тоҷикистониён
Модаре бо духтари 9-солааш худро ба дарёи Вахш андохт: муроҷиати КҲФ ба тоҷикистониён
Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон эълон карданд, ки ду ҷасад - зани 31-сола ва духтарчаи 9-соларо пайдо карданд ва ба мақомоти ҳифзи... 28.09.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-09-28T14:10+0500
2020-09-28T14:10+0500
2021-04-19T16:53+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Модаре бо духтари 9-солааш худро ба дарёи Вахш андохт: муроҷиати КҲФ ба тоҷикистониён
14:10 28.09.2020 (Навсозишуда: 16:53 19.04.2021) Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон эълон карданд, ки ду ҷасад - зани 31-сола ва духтарчаи 9-соларо пайдо карданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Норак супурданд
ДУШАНБЕ, 28 сен – Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қайд кардааст, дар ҳоли ҳозир сабаби даст ба худкушӣ задани ин зан бо фарзандаш то ҳол маълум нест.
Гуфта шудааст, ки баъд аз зуҳри рӯзи 27-уми сентябри соли 2020 як сокини 31-солаи ноҳияи Ёвон бо духтарчаи 9-солааш худро ба дарёи Вахш сарозер кард.
“Баъди дарёфти хабари ин худкушӣ наҷотдиҳандагони кӯҳии бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса расиданд ва баъди ним соати розандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ин ду ҷасадро тақрибан 30 метр дуртар аз макони ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Норак супурданд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо исрор аз аҳолӣ хоҳиш намудааст, ки сокинон нисбат ба пайвандону хешон бамуҳаббат бошанд ва ҳаёти худ ва атрофиён ва наздиконро азиз доранд!