Мулоқоти Раҳмон бо Халилзод, аз ҳамкорӣ то музокироти сулҳи байниафғонӣ

© NakibMurodovМулоқоти Раҳмон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод
Мулоқоти Раҳмон бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд, гуфтанд Пешвои миллат дар идомаи суҳбат ва таъкид карданд, ки дар ин зимн аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур сурат мегиранд, истиқбол менамояд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо намояндаи махсуси ИМА оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо боздиди корӣ аз Тоҷикистон дар Душанбе қарор дорад, мулоқот баргузор кардааст.

Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, дар рафти мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, бахусус раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ва пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷониби мо қарор дорад.

“Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд, гуфтанд Пешвои миллат дар идомаи суҳбат ва таъкид карданд, ки дар ин зимн аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур сурат мегиранд, истиқбол менамояд”,-афзудааст манбаъ.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи аҳаммияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка мубодилаи афкор анҷом доданд.

Гуфта мешавад, мавзӯоти дигаре, ки зимни оғози музокироти сулҳи байниафғонӣ дар меҳвари мулоқот қарор доштанд, ин вазъи имрӯзаи амниятии Афғонистону минтақа мебошад.

“Роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд намуданд”,-мегӯяд манбаъ.

Дар ин робита таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузорад.

Лентаи хабарҳо
0